Толибон аз анҷоми сохтмони қитъаи аввали канал (наҳр)-и Қуштеппа дар Афғонистон эълон карданд ва ҳарчанд онҳо ваъда медиҳанд, ки оби зиёд намегиранд, аммо намехоҳанд расман ба ин гуна созишномаҳо бипайванданд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ пешакӣ аз ин нигаронанд, аммо наметавонанд ба ҳеҷ гунае ба нақшаву амали Толибон таъсир расонанд.

Аммо ин ягона рӯйдоде нест, ки ҳафтаи гузаштамо саргарми он будем.

Ҷанги нави арабу исроилиҳо

Ҳафтаи гузашта хабари асосии байналмилалӣ дар расонаҳои ҷаҳонӣ буҳрони Ховари Миёна буд, ки аллакай расман мақоми ҷанги нави арабу Исроилро гирифтааст.

Дуруст аст, ки ҳоло танҳо дар бораи ҷанги байни Исроил ва Ҳамос, як созмони низомӣ, ки қаламрави давлати Фаластинро дар навори Ғазза назорат мекунад, ҳарф мезанем.

Аммо ин ҷанг метавонад дар ояндаи наздик тавассути ҷалби мустақими дигар иштирокчиёни низоъ - аз гурӯҳи шиъаи Ҳизбуллоҳ, ки дар ҷануби Лубнони ҳамсоя ҷойгир аст, то Сурия ва Эрон, ки аз онҳо ҳимоят мекунад ва ғайра ба таври қобили мулоҳиза густариш ёбад.

Ёдрас мекунем, ки Ҳамос («Ҳаракат ал-муқавома ал-исломия», «Ҷунбиши муқовимати исломӣ») соли 1987 аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонони фаластинӣ, ки аз дурнамои баста шудани созишномаҳои сулҳ миёни кишварҳои араб ва Исроил норозӣ буданд, таъсис ёфтааст.

Харобаҳои бино дар Ғазза
Сурат: Mohamed Abed/AFP/Getty Images

Ҳадафи Ҳамос аз ибтидо комилан аз байн бурдани давлати Исроил ва таъсиси давлати исломӣ дар қаламрави он аз дарёи Урдун то баҳри Миёназамин эълон шудааст.

Ба ин тариқ, ҳадафи аслии мубориза барои Ҳамос таъсиси давлати исломӣ аст ва озодии Фаластин,  аслан танҳо як марҳилаи зарурӣ дар расидан ба ин ҳадаф аст.

Ба иттилои ВВС, Ҳамос қаламрави Фаластин ва Исроилро як вақфи исломӣ медонад (вақф амволест, ки барои аҳдофи мазҳабӣ ё хайрия ҳадя мешавад), ки бояд то рӯзи қиёмат дар ихтиёри ҷомеаи мусалмонон қарор дошта бошад.

Аз ин рӯ, Ҳамос ҳамеша мухолифи ҳама гуна қарордодҳои сулҳ бо Исроил - пеш аз ҳама аз ҷониби фаластиниҳо ва дигар кишварҳои араб буд.

Дар соли 2006 Ҳамос ногаҳон тасмим гирифт, ки тактикаашро тағйир диҳад ва ғайричашмдошт дар интихобот дар навори Ғазза, ки ҳизби ФАТҲ, бахше аз Созмони озодихоҳии Фаластин (СОФ) дар он ҷо пештар сари қудрат буд, пирӯз шуд.

Сокинони бар асари зарбаи Ҳамос ҳалокшудаи Исроил
Кадр аз навори видео

Аз он вақт инҷониб Маъмурияти миллии Фаластин ба ду қисм тақсим шуд: Соҳили ғарбии дарёи Урдун таҳти назорати ФАТҲ боқӣ монда, Навори Ғазза комилан таҳти идораи Ҳамос аст, ки пас аз пирӯзиаш ҳама интихоботҳоро бекор кард.

Ҳамос дар қаламрави таҳти назорати худ тамоми захираҳоро барои омода кардани ҷанги нави пирӯзона сафарбар карда, навори Ғаззаро ба як урдугоҳ барои ҳамлаи минбаъда зидди Исроил табдил дод. Ҳамлаҳои доимии мушакӣ ба Исроил ҳамчун як усули фишор интихоб шуда, Исроил дар посух соли 2007 қисман муҳосираи ин қаламравро ҷорӣ кард.

Барои ноил шудан ба пирӯзӣ, Ҳамос қисми асосии буҷети расмӣ ва зери сояи навори Ғаззаро ба ҳадафҳои низомӣ сарф карда, танҳо боқимондааш барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва ҳатто коммуналӣ харҷ мешуд.

Дар натиҷа, вазъи мардум сол аз сол душвортар ва ноумедона шуда, ин танҳо пуштибонии Ҳамосро дар миёни фаластиниҳои оддӣ зиёд кард ва аксари онҳо ба ҷуз ҷанги нав, дигар роҳи раҳоиро намедиданд.

Ба ин тариқ, The Telegraph як видеои таблиғотии Ҳамосро аз соли 2021 нишон медиҳад, ки дар он чӣ гуна онҳо дар навори Ғазза қубурҳои обгузареро, ки бо грантҳои Иттиҳоди Аврупо сохта шудааст,  минбаъд барои коркард ва тавлиди мушакҳо кофта мегиранд.

Бо вуҷуди ҷараёни пайвастаи сармоягузорӣ ва грантҳо аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ, дар тӯли тамоми ин солҳо дар навори Ғазза нақлиёти ҷамъиятӣ, системаи обтаъминкунӣ ё шабакаи энергетикии худӣ бунёд карда нашуд.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз аз пардохти моҳонаи 30 млн доллар барои маоши моҳонаи мансабдорон, танҳо сармоягузории Қатар аз соли 2014 беш аз як млрд долларро ташкил додааст.

Дар маҷмӯъ, агар танҳо маълумоти расмиро ҳисоб кунем, воридоти солонаи маблағ ба навори Ғазза бо 2 млн  аҳолӣ миллиардҳо долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети бисёр давлатҳо, масалан, Қирғизистони аҳолиаш 6 млн нафар ё Тоҷикистон бо 10 млн аҳолиаш зиёдтар аст.

Фластиниҳо бо фарзандонашон пас аз бомбандозии Исроил мегурезанд. Қисми ҷанубии Ғазза. 16 октябри соли 2023
Хабаргузории Anadolu

Аммо вақт мегузашту  давлатҳои арабӣ аз мушкили Фаластин, ки бо вуҷуди сармоягузории пайваста ба бунбаст дучор гардид, хаста мешуданд.

Дар натиҷа, давлатҳои араб тадриҷан ба муътадил кардани муносибатҳо бо Исроил ва эътирофи ҳуқуқи мавҷудияти он бо ин амал шурӯъ карданд.

Ҳамин тариқ, Миср соли 1979, Урдун соли 1994, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Марокаш ва Баҳрайн соли 2020 бо Исроил шартномаи сулҳ бастанд. Моҳи октябри соли 2020 Судон, ки то ба наздикӣ як майдони исломи сиёсӣ дар Африқо буд, низ ба ин раванд ҳамроҳ шуд.

Аммо дастоварди муҳимтарин дар ин самт бояд созишномаи сулҳи байни Исроил ва Арабистони Саудӣ мешуд, ки аз ҷониби президенти ИМА Байден фаъолона дастгирӣ меёфт.

Ба навиштаи «Регнум», имзои ин созишнома як ҷузъи аслии тарҳи сулҳи Амрико барои ҳалли низои Фаластин ва Исроил аст. Аз ин рӯ, созишнома, ки бо номи “муомилаи аср” маъруф аст, сармоягузории рекордии молиявии даҳҳо миллиард доллар дар минтақаро пешбинӣ мекунад.

Ба ин тартиб, дар чаҳорчӯби ин тавофуқ, дар назар аст, ки барои ҳифзи амният ва иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар соҳили Ғарб ва навори Ғазза 25 млрд доллар ҷудо мешавад. Илова бар ин, Миср, Урдун ва эҳтимол Лубнон метавонанд ба маблағи 40 млрд доллар сармоягузорӣ гиранд.

Нашрияи Лента.ру шарҳи коршиносонро овардааст, ки аксари онҳо равандҳои сулҳи миёни Исроил ва монархияҳои суннии Халиҷи Форсро дар натиҷаи мухолифати муштараки онҳо ба афзоиши нуфузи Эрон арзёбӣ мекунанд.

Террористони Ҳамос
Кадр аз навори видео

Илова бар ин, ба навиштаи ВВС, "ташаннуҷ ва бесуботӣ ба аз ҷониби шоҳзодаи Саудӣ роҳандозии ислоҳот ва сохтани “Арабистони Саудии оянда”-и ӯ дар минтақа монеъа эҷод мекунанд; дақиқан дигар роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ низ шояд дар ҳамин фикр буданд.

Аммо "муомилаи аср" барои Ҳамос ва дигар созмонҳои оштинопазири тундгаро комилан қобили қабул нест, зеро ноил шудан ба ҳадафи стратегии онҳо - нобудсозии Исроилро ғайриимкон месозад.

Ин ҳамчунин барои Эрон, ки бо Арабистони Саудӣ рақобат мекунад ва дар сурати муваффақ шудани “муомилаи аср”, метавонад аз аксари кишварҳои арабӣ дар канор бимонад, низ фоидаовар нест. Ҳизбуллоҳ, намояндаи Эрон дар Лубнон низ дар сурати пайвастани ин кишвар ба созиши сулҳ ва таҳкими ҳукумати марказӣ дар Бейрут бисёр чизҳоро аз даст медиҳад.

Дар натиҷа, ҳамлаи Ҳамос ба Исроил як амали иҷборӣ ба назар мерасад, ки ҳадаф аз он халалдор кардани тавофуқ миёни саудиҳо ва исроилиён ва ҳамчунин оғози ҷанги густурдаи нави арабу Исроил аст.

Дар ин робита, стратегияи Ҳамос водор кардани вокуниши Исроил дар шакли бомбандозии густурда ва амалиёти бузугмиқёси заминӣ барои тасарруфи навори Ғазза аст. Хамаи ин ногузир ба талафоти калони аҳолии осоишта боис мегардад, ки роҳбарони мамлакатҳои араб дигар онҳоро нодида гирифта наметавонанд.

Дар натиҷа онҳо зери фишори афкори умум маҷбур мешаванд, ки ҳадди ақалл аз сиёсати оштишавӣ бо Исроил даст кашанд. Варианти беҳтарин барои Ҳамос густариши низоъ тавассути пайвастани бозигарони нав ба он - Лубнон ва Сурия дар шимол, Урдун дар шарқ ва Миср дар ҷануб мебошад.

Ин амал инчунин ба он асос ёфтааст, ки аксарияти кулли аҳолии кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ зидди Исроил мебошанд - масалан, тибқи назарсанҷии моҳи январи Arab Center for Research and Policy Studies, ки ВВС ба он истинод мекунад, 84% сокинони кишварҳои араб мухолифи эътирофи Исроил ҳастанд ва камтар аз сеяки онҳо аз созишномаҳои сулҳ бо Исроил ҷонибдорӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, фалокати башардӯстона дар Фаластин минбаъд метавонад Туркия ва дигар кишварҳои ҷаҳони исломро, ки дар онҳо афкори умум аллакай мухолифи Исроил аст, ба низоъ бикашад.

Бинои оташгирифта пас аз бомбафканӣ
Сурат: Reuters

Бо дарки ин Исроил кӯшиш дорад амалиёти заминии ногузир барои поксозии навори Ғаззаро ба таъхир андозад ва ҳама чизро тавре тарҳрезӣ кунад, ки нақшаҳои Ҳамос барои густариши низоъ халалдор шавад.

Аз тарафи дигар, ба иттилои нашрияи «Московский комсомолец», ИМА аллакай ду киштии асосии ҳавопаймобар (авианосец)-и худро ба соҳилҳои Фаластин фиристод, то ки «кишварҳои дигар, агар онҳо заъфи Исроилро хис кунанд, аз ворид шудан ба низоъ худдорӣ кунанд».

Президент Ҷо Байден бо нахуствазир Нетаняҳу мулоқот кард ва шояд кӯшиш кунад, ки ӯро аз оғози амалиёти заминӣ нигоҳ дорад.

Мушкилот сари он аст, ки дар навори Ғазза, ки зич сохта шудааст, аз талафоти оммавӣ дар байни мардуми осоишта пешгирӣ кардан қариб ғайриимкон аст; дарвоқеъ, дар ин ҷо аллакай як фалокати башардӯстона рух додааст - то имрӯз асосан дар шакли садҳо ҳазор гурезаҳо, қатъи интиқоли обу барқ, буҳрони ғизо ва ғайра.

Амалиёти заминии артиши Исроил мизони фалокати башардӯстонаро боз ҳам афзоиш хоҳад дод, ки воқеан метавонад барои ҷалби кишварҳои дигар ба низоъ шароит фароҳам оварад. Хавфи авҷ гирифтани бӯҳрон рӯзи 17 октябр замоне афзоиш ёфт, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ ба бемористон дар навори Ғазза ҳудуди 500 нафар кушта шуданд;  дар ҳамин ҳол, тавре ки “Мавҷи Олмон” хабар медиҳад, ҳар ду тараф масъулияти ҳамларо ба дӯши якдигар мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол, тахриби бемористон аллакай ба тазоҳуроти оммавии зидди Исроил дар саросари ҷаҳон боис шуд; Туркия, Миср, Урдун, Арабистони Саъудӣ, Марокаш, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб Исроилро шадидан ба ҳамлаи барқасдона гунаҳкор карданд.

Дар ин ҳолат қурбонии аслии ҷанги нави арабу Исроил аҳолии осоиштаи Фаластин дар навори Ғазза аст, ки гаравгони бозиҳои сиёсии байни гурӯҳҳои мухталиф ва актёрони геополитикӣ шудаанд.

Тақрибан ду миллион фаластинӣ дар навори Ғазза дармонда буданд, зеро аз як тараф Исроил муҳосираи пурраи ин наворро ҷорӣ кард ва Миср аз боз кардани марзҳои худ барои гузариши гурезаҳо худдорӣ кард.

Коллаж

Дар ҳама гуна ҳолати рушди рӯйдодҳо атрофи Фаластин, ду миллион аҳолии навори Ғазза дар моҳҳои оянда бо душвортарин озмоишҳо рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Даври нави ташдиди муноқишаи арабу Исроил барои кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ хабари бад аст.

Албатта, таъсири ин низоъ ба кишварҳои пасошӯравӣ бавосита аст, асосан дар соҳаи иқтисодӣ; ба эҳтимоли зиёд, дар сурати тӯл кашидани низоъ, ҳадди ақалл болоравии нархи ҷаҳонии нафт ва маҳсулоти нафтиро интизор метавон шуд, ки ба сатҳи зиндагии мардум ва таваррум таъсири манфӣ мерасонад.

Аммо, тавре ки аллакай дар гузориши қаблӣ зикр карда будем, бисёр чиз ба он вобаста хоҳад буд, ки воқеаҳо дар доираи ҷанги нави арабу Исроил чӣ гуна ва ба кадом самт сурат мегиранд.

Канали Қуштеппа - марҳилаи аввал

Тавре Газета.uz бо такя ба хабаргузории Tolonews-и Афғонистон хабар медиҳад, рӯзи 11 октябр Толибон аз анҷоми сохтмони қитъаи аввали канали Қуштеппа дар Афғонистон ва оғози марҳилаи дуюми лоиҳа, ки аз 285 километри пешбинишуда тақрибан 100 километр аст, хабар доданд.

Сохтмони канали Қуштеппа
Сурат: ritmeurasia.org

Ҳамин тавр, аллакай аз се як ҳиссаи канал сохта шуд, ки аз ҷадвали сохтмон хеле пеш аст.

Дар марҳалаи дуюм сохтмони қитъаи канали масофааш 177 километр дар назар буда, он аз вилоятҳои Ҷузҷон ва Форёб мегузарад. Марҳилаи сеюм тақсимоти зерканалҳоро дар байни заминҳои кишоварзӣ дар бар мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Толибон аз кишварҳои минтақа, бахусус Ӯзбекистон хостаанд, ки аз ин канал хавотир нашаванд ва гуфтанд, ки омодаанд масоилро “тавассути роҳҳои дипломатӣ” ҳал кунанд.

Аммо мега-лоиҳаи Толибон то ҳол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боиси нигаронист; аз ҷумла, тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дарҳол баъди эълони анҷоми марҳилаи аввали сохтмони Қуштеппа Ӯзбекистон ҳайати худро ба Кобул фиристод.

Комилан рӯшан нест, ки ҳайати Ӯзбекистон дар Кобул аз Толибон чӣ мехоҳад; Толибон чандин маротиба возеҳ баён карданд, ки дар масъалаи сохтмони канал ва истифодаи оби дарьёи Амударьё ягон созиш ва гузаштро баррасӣ карданӣ нестанд.

Зимнан, барои Тошканд ва Ашқобод масъалаи канали Қуштеппа аҳамияти аввалиндараҷа дошта, аз ин рӯ, боиси ташвиши онҳост ва дар баробари вусъат ёфтани сохтмони канал торафт меафзояд.

Обҳои Амударё барои ҳарду кишвар хеле муҳиманд, зеро Амударё тақрибан 80% тамоми захираҳои обии онҳоро ташкил медиҳад.
Коллаж аз торнамои Хроники Туркменистана

Интизор меравад, ки пас аз анҷоми сохтмон, ин канал (тибқи ҳисобҳои гуногун) аз чоряк то сеяки маҷрои Амударёро мегирад, ки метавонад ба норасоии ҷиддии оби обёрӣ дар як қатор минтақаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон боис гардад.

Ҳукумати Толибон дар оянда ҳам тарҳи бунёди маҷмааи барқи обии Даштиҷумро дар назар дорад, ки қисмати қобили мулоҳизаи маҷрои рӯдхонаи Панҷро гирифта, ба бахши кишоварзии Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.

Мушкил ҳамчунин сари он аст, ки Толибон каналро бо усули ниҳоят соддаву қадима месозанд. Мутахассисон аз он нигаронанд, ки қаър ва соҳили канал мустаҳкам ва ё рӯкаш (рахт) нашуда, дар натиҷа қисмати зиёди об ногузир ба хоки хушку регдор рафта, талаф меёбад.

Мутаносибан, дар ин шароит ҳаҷми воқеии гирифтани об аз Амударьё назар ба нақша хеле зиёд шуда метавонад.

Ғайр аз ин, талафи об дар каналҳои обии қаърашон гилӣ ба шӯршавӣ ва ботлоқ шудани заминҳо боис гардида, ин боз ҳам бештар зиёд кардани гирифтани об аз дарёро талаб мекунад.

Нашрияи «Известия» дар ин робита таърихи шӯравиро хотиррасон мекунад, ки дар пайи иҷрои нақша сохтмони иншоотҳои обӣ аксар вақт бо ҳамин усулҳои қадима сурат мегирифт. Аз ҷумла, ба истифода додани канали Қайроққум дар соли 1959 ёдоварӣ мешавад, ки якбора 45 фоизи маҷрои оби Амударёро гирифт. Дар натиҷа, дар охири ҳокимияти шӯравӣ минтақа бо мушкилоти ҷиддии экологӣ рӯбарӯ шуда, замоне баҳри Арали сероб амалан аз харитаи замин хориҷ шуд.

Илова бар ин, коршиносон аз он нигаронанд, ки Афғонистон ба Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил шуданӣ нест, ки дар чаҳорчӯби он кишварҳои минтақа квота барои гирифтани об аз Амударё ва Сирдарёро муайян мекунанд.

Дар ин робита метавон тахмин кард, ки Толибон бешубҳа бо ҳеҷ гуна ӯҳдадориҳо оид ба риояи квотаҳои обгирӣ аз Амударё ва Панҷ маҳдуд шудан намехоҳанд.
Сохтмони канали Қуштеппа
Сурат: turkmen.news

Ба эҳтимоли зиёд, бо назардошти ифтитоҳи ботантанаи навбати аввали канал, ҳукумати Толибон суръати корҳоро барои анҷоми он дар ояндаи наздик ба таври қобили мулоҳиза сураът мебахшад.

Бо вуҷуди ин ҳама нигарониҳо, давлатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз имкони ба гунае таъсиррасонӣ ба нақшаву амалҳои Толибонро надоранд.

Дар ҳамин ҳол, мутаассифона, зарари эҳтимолии канали Қуштеппа, пеш аз ҳама, ба бахши кишоварзии Ӯзбекистон ва Туркманистон имконпазир аст, яъне он кишварҳои минтақа, ки ҳоло Толибон бо онҳо робитаи наздик доранд.

Вохӯрӣ дар Бишкек

Рӯзҳои 12-13 октябр дар Бишкек нишасти навбатии сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд. Ба гузориши “Ведомости”, дар ин ҳамоиш ба ҷуз президенти Русия Владимир Путин ва президенти Қирғизистон Садир Жапаров сарони давлатҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба Бишкек наомад.

Баръакси нишастҳои қаблӣ, ин дафъа дар Бишкек формати каме дигар сурат гирифт.

Тавре Спутник менависад, қаблан мулоқотҳо дар доираи танг бидуни матбуот баргузор мешуданд; акнун бошад, суханронии Владимир Путин пахш шуда, инчунин суханронии сарвари давлати Белапус низ нашр шуд.

Владимир Путин
Сурат: Газета "Коммерсант"

Путин дар суханронии худ тамоми масъалаҳои асосии сиёсати хориҷиро баён намуда, дар бораи тамоми маҷмӯи мушкилот – аз иқтисод, то муносибатҳо бо кишварҳои ғарбӣ ва вазъ дар Ховари Миёна изҳори назар кард.

Вай аз ҷумла, зарурати таъсиси давлати мустақили Фаластинро бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ изҳор дошта, Гурҷистон, Молдова ва Украинаро барои иштирок накарданашон дар кори ИДМ интиқод кард ва таъкид дошт, ки Русия дар интиқоли ғалла ба кишварҳои шарики худ дар ИДМ кумак хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст 20 санад қабул карда шуд, ки аксари онҳо хусусияти бештар расмиётӣ доштанд.

Шояд тасмими таъсиси Созмони байналмилалии забони русиро дар ин ҳамоиш, ки дар Сочи ҷойгир хоҳад шуд, метавон як иқдоми комилан нав арзёбӣ кард.

Тавре Спутник менависад, ин созмон таҳсилоти босифат ба забони русиро дастгирӣ намуда, ба омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва илмӣ мусоидат мекунад ва ҳамчунин чорабиниҳои илмӣ, намоишгоҳи китобҳо ва ғайраро баргузор мекунад.

Дар маҷмӯъ, ин ҳамоиш бидуни ягон ҳангома ва рӯйдоду изҳороти ғайричашмдошт баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар вақти байни ҳамоиши қаблии сарони кишварҳои ИДМ то ин дам ҳодисаҳои зиёде ба вуқӯъ пайваст, ки ба кор ва натоиҷи нишасти Бишкек таъсир нагузошта наметавонистанд.

Сурат аз торнамои Ритм Евразии

Ин аз суханронии президенти Русия бармеомад, ки аксар вақт ба як баҳс бо мухолифони геополитикии Маскав ва ҳамчун кӯшиши ба кишварҳои узви ИДМ асоснок кардани зарурати дастгирии фаъолонаи Русия дар муқовимат бо Ғарб ба назар мерасид.

Ин ҳамоиш то андозае як навъ посухи Русия ба нишастҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати С+1 аст, ки дар тӯли сол бо бозигарони дигари геополитикӣ, аз Амрикову Олмон то Арабистони Саудӣ ва Чин идома дошт.

Албатта, Маскав аз ин авҷи фаъолияти геополитикӣ дар атрофи Осиёи Марказӣ, ки маъмулан онро минтақаи нуфузи бартариноки худ медонад, чандон хушҳол нест.

Аммо дар шароити феълӣ, ки захираҳои асосии Маскав ба сӯи Украина равона шудаанд, дар дасти раҳбарияти Русия начандон зиёд фишангҳои муассири таъсир ва фишор ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ боқӣ мондаанд.

Дар ин робита, таъсиси Созмони байнулмилалии забони русӣ дар доираи ИДМ аҳаммияти махсус касб мекунад. Маскав ба таври анъанавӣ забони русиро як василаи муҳими фарҳангӣ ва маърифатии "қудрати нарм" медонад, ки барои таъмини ҳузури дарозмуддати Русия дар минтақа тарҳрезӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.