Дар пайи мухолифати Ҳамос ба дархости Исроил барои ироаи рӯйхати пурраи гаравгонҳо, ин давлати яҳудӣ нишасти Қоҳира дар мавриди оташбаси Ғаззаро таҳрим кард.

Ин нишаст мебоист рӯзи якшанбеи 3-юми март баргузор мешуд.

Аммо як манбаи огоҳ аз Ҳамос, ки аз ифшои номи худ худдорӣ кардааст, ба хабаргузории Reuters гуфта, ки нишаст дар Қоҳира ба бунбаст афтодааст.

Ӯ афзудааст, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба ҳеҷ гуна музокира, ки боиси хуруҷи комили артиши ин кишвар аз навори Ғазза, бозгашти оворагон, бозсозӣ, бозкушоии гузаргоҳҳо ва лағви муҳосира шавад, розӣ нест.

Ҳарчанд Вошингтон ба созиши оташбас дар Ғазза то оғози моҳи Рамазон хушбин аст, аммо Исроил ва Ҳамос дар бораи пешрафт дар ин созиш ҷузъиёт надодаанд.

Як манбаи фаластинӣ, ки дар ин гузориш номаш бурда нашудааст, гуфтааст, ки ду тараф то ҳол ба марҳилаи ниҳоии созиш нарасидаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 2-юми март як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико таъйид кард, ки Исроил шартҳои созиши нави оташбаси шашҳафтаина дар Ғаззаро пазируфт ва мунтазири посухи Ҳамос аст.

Шабакаи телевизионии CNN шаби шанбеи 2-юми март бо такя ба ин мақоми амрикоӣ хабар дод, ки агар Ҳамос ба шартҳои ин тавофуқ ва раҳоии гаравгонҳо мувофиқат кунад, дар Ғазза оташбаси шашҳафтаина ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин мақоми расмӣ, ки дар ин гузориш номаш зикр нашудааст, афзудааст, ки "агар ин оташбаси шашҳафтаина муқаррар шавад, дар марҳалаи дуввуми ин пешниҳод талошҳо барои дастёбӣ ба оташбаси тӯлонӣ сурат хоҳад гирифт."

Дар ҳамин ҳол, дар ҳоли ҳозир бисёре аз манотиқи Ғазза шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии артиши Исроил ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил, ки бар асари он 1200 исроилӣ куштаву беш аз 200 нафар асир гирифта шуданд, оғоз гардид.

Баъди ин Исроил ба навори Ғазза ҳуҷум кард ва то имрӯз беш аз 30 ҳазор фаластиниро, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, кушт. Ҳамчунин, ҳудуди 70 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.