Имсол сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон аз шадид шудани “лимит”-и барқ шикоят карда, мегӯянд дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд. Вале коршиносон далелҳои дигарро низ ном мебаранд.

Ширкати “Барқи тоҷик” то кунун ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар кишварро тасдиқ ё рад накардааст. Дар кишвар расман реҷаи муайяни интиқоли барқ низ нест.

Бо назардошти ин, “Азия-Плюс” дар саҳифаҳои иҷтимоии худ миёни корбарон бо саволи “Дар як шабонарӯз чанд соат бо нерӯи барқ таъмин ҳастед?” пурсиш гузаронд. Дар баробари ин аз масъулини таъмини барқ ва коршиносон сабаби мушкилӣ ва роҳҳои ҳалли онро пурсид.

 

“Ҳар вақт хоҳанд барқро медиҳанду хомӯш мекунанд”

Теъдоди зиёди корбарон дар зери пурсиши мо навиштанд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ аз 2 то 4 соат барқ доранду халос. Як корбар аз шаҳри Панҷакент бо номи Курбоналӣ Бурҳонов навиштааст, ки 2 соат саҳар ва 2 соат бегоҳӣ нерӯи барқ доранд. 

Бо оғози лимит хӯрокро дар деҳот бо алоб мепазанд
Акс аз Asia-Plus

Корбари дигар бо номи Shukrullo Rajabov навиштааст, ки дар шаҳри Ҳисор саҳар аз соати 6:00 то соати 7:30 ва бегоҳ аз соати 17:45 то соати 20:00 бо барқ таъмин ҳастанд. 

“Як хел рӯз як соат медиҳанд, рӯзи дигар се соат кай, ки хоҳанд медиҳанд, кай ки хоҳанд мекушанд. Ҳоло ҳаво гармтар аст, тоқат кардан мешавад, агар барфу борон борад таввакали мардуми деҳот ба Худо. Бисёриҳо алобӣ надоранд, кӯмур киммат аст, чӣ кор мекунем хайронам, кӯдаки майда дорем, муйсафеди пиру бемор низ ҳастанд”,-навиштааст корбаре бо номи Niso Dodobaeva. 

 

“3 соат барқ медиҳанд, ки он ҳам шиддаташ паст аст”

Чанде аз сокинони ноҳияи тобеи марказ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон низ навиштаанд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ то 3 – 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. 

“Шиддати барқ 130 то 160 ватт аст. Тамоми таҷҳизоти техникӣ аз кор мондааст. Болоии ин насосҳои обкашӣ аз кор монда ва сокинони деҳаҳо бе оби нушокӣ мондаанд. Ин ҳама дар ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов деҳаи Пахтакор”, -навиштааст корбари дигар.

Зафар Махмудов, корбаре аз ҷамоати Дурбати шаҳри Ҳисор навиштааст, ки “ҳафтаҳои охир 10 дақиқа шом ва 30 дақиқа саҳарӣ барқ медиҳанду халос”.

 

Дар пойтахт ҳам аз “лимит” шикоят мекунанд

Корбарон аз шаҳри Душанбе низ аз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шикоят карда, аз ҷумла навиштаанд, ки сокинони маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт 3 соат саҳар ва 4 соат бегоҳӣ барқ доранд. 

Як корбари телеграм-канали “Азия-Плюс”, ки худро сокини ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе муаррифӣ кардаст, навиштааст, ки “тӯли як ҳафта мешавад, ки дар ҳудуди худи пойтахт дар ҳавлиҳо барқ хомӯш мешавад”. 

“Бо реҷаи аз 05:00 то 08:00 ва аз 17:00 то 22:00 барқ медиҳанд. Дар баробари барқро ба таври маҳдуд таъмин мекунанд, боз шиддаташ низ паст аст, ки на рӯшноӣ дораду на гармӣ пухтупаз карда намешавад. Аз ин сабаб таҷҳизотҳои барқӣ тез фарсуда мешаванд”,-навиштааст ин корбар

Дар пурсиши саҳифаи инстаграми “Азия-Плюс”, ки то лаҳзаи нашри ин мавод 260 ҳазор боздид дошт, корбарон қариб 900 шарҳ гузошта, бештари онҳо гуфтаанд, дар як шабонарӯз аз 1 то 3 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд. 

 

Ҳар минтақа “лимит”-и худашро дорад

Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки воқеан ду ҳафтаи охир дар кишвар дар интиқоли барқ “маҳдудият”-и шадид роҳандозӣ шудааст ва сабабро дар паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.

Муҳаммад Ғуломов, намояндаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” иддао дорад, ки “сокинони кишвар ин шабу рӯз, субҳ аз соати 5:30 то 8:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:30 то 21:00 бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд”.

Акси марбут
Сурат: аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук

“Ҳозир аз рӯйи ҳамин соатҳо мо бояд кор кунем, то замоне, ки ягон супориши дигар аз ҷониби танзимгарони марказӣ нашавад. Ширкати “Барқи тоҷик” ва “Шабакаҳои интиқоли барқ” чӣ қадар нерӯи барқе, ки ба мо диҳанд, мо ҳамонро ба мардум медиҳем”, - илова кард Ғуломов.

Дар ҳамин ҳол, Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази танзимгарии “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ду ҳафтаи охир воқеан маҳдудияти нерӯи барқ шадид шудааст ва “ШТБ” аз рӯйи “лимит” ба аҳолӣ барқро интиқол дода истодааст”.

“Дар тамоми ҷумҳурӣ дар умум барои як шабонарӯз 47 млн килловат соат барқ дода мешавад. Вобаста ба меъёри ҷудошуда ниҳоди масъули интиқоли барқи ҳар минтақа соаташро муайян мекунад то аз киловатти ҷудошуда зиёд истеъмол нашавад”, - иброз дошт Тоиров.

Номбурда сабаби шадид шудани маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқро ба беш аз 2 метру 50 сантиметр кам шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” нисбат ба соли гузашта рабт дод.  

Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ба ҳолати 21-уми ноябр аз оби захиравии обанбори “Норак” ҳудуди 4 метр истифода шудааст.

“Ин вобаста аз резиши об дар обанбор аст, вақте даромад кам шавад, албатта хароҷот зиёд мешавад. Ҳоло дар кишвар истифодаи нерӯи барқ аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, нақлиётҳои барқӣ ва ғайра зиёд шудааст. Дар ин сурат истифода аз оби захиравии обанбори “Норак” меафзояд ва он кам шудан мегирад”, - гуфт Қурбон Аҳмадзода.

 

Реҷаи муайян нест

Як корманди техникии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “дар як шабонарӯз ба шаҳри Душанбе 12,9 млн кВт-соат ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 млн кВт-соат нерӯи барқ  ҷудо шудааст”.

“Вобаста ба ҳаҷми ҷудошуда чанд соат, ки расонад ба аҳолӣ барқ медиҳанд, агар вазъи ҳаво тағйир ёбаду ширкати “Барқи тоҷик” ҳаҷми нерӯи барқи аҳолиро дигар кунад, мо низ дигар хел “лимит” медиҳем”, - гуфт номбурда. 

Аз филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гуфтанд, ки “дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 млн 450 ҳазор кВт-соат нерӯи барқ мегиранд, ки кофӣ нест”. Ба гуфтаи масъулин, ин меъёр барои ин шаҳр басанда нест ва ба ин далел, рӯзона дар ҳавлиҳо ва бархе минтақаҳо “лимит” ҷорӣ кардаанд. 

Аз филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Гулистон ҳам гуфтанд, ки дар як рӯз 5,5 млн кВт-соат нерӯи барқ ҷудо шудааст, ки барои таъмини аҳолӣ намерасад. Дар ин минтақа низ, рӯзона ва шабона дар интиқоли барқи аҳолӣ маҳдудият гузошта шудааст. Дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон чӣ меъёр нерӯи барқ мегиранд маълум нест, масъулин инро шарҳ надоданд. 

 

Сарфа мекунанд то дар моҳҳои феврал-март “бебарқ” намонанд

Камолиддин Сироҷиддинов, коршиноси соҳаи энергетика дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки давоми моҳҳои май-сентябр оби обанбори “Норак”-ро пур мекунанд ва аз охири моҳи сентябр истифода аз он оғоз мешавад, ки бояд то аввали моҳи апрел расонад. Ин коршинос мегӯяд, ки имсол камбориш шуд ва аз ҳамин ҳисоб сатҳи дарёҳо кам шудаанд. 

“Агар сатҳи обанбори “Норак” то 2,5 метр кам шуда бошад, ин ягон фоҷеа нест. Аммо дар ҳолате, ки мо “лимит”-ро камтар кунему барқро зиёдтар истеҳсол кунем, аз оби обанбор бештар истифода мешавад ва моҳҳои январ-март оби обанбор намерасад. Бо ин сабаб якбора чанд агрегати нерӯгоҳ аз кор монданаш мумкин аст. Ба ҳамин далел, ҳоло оби обанбори “Норак”-ро аз рӯйи меъёр истифода карда истодаанд”, - афзуд Сироҷиддинов.


Коршинос таъкид мекунад, ки Тоҷикистон имкон дорад, ки таъминоти нерӯи барқро ба аҳолӣ аз дигар манбаъҳо зиёд кунад, аммо бо сабаби надоштани имконият онро татбиқ намекунад.

“Мисол, нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 40-45% аз рӯйи иқтидораш кор карда истодааст, ин нерӯгоҳ мушкилии обу таъмир надорад ва имкони истеҳсоли бештари нерӯи барқро дорад. Аммо “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ нерӯи барқро аз рӯйи меъёри муайян мехарад”, - таъкид кард номбурда.

Ба қавли Сироҷиддинов, ширкати “Барқи тоҷик” қаблан аз сабаби баланд будани таърифаҳо (тарифҳо) аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” камтар барқ мехарид ва ин барқро ба аҳолӣ арзонтар мефурӯхт, ки “ин ба зарари онҳо буд”. 

Ин коршинос мегӯяд, дар пайи паст шудани таърифа ва бахшидани қарзи “Барқи тоҷик” дар назди ин нерӯгоҳ, ин ширкат бояд бештар барқ харад.

Бояд гуфт, “Барқи тоҷик” назди НБО “Сангдтӯда-1” 297 млн доллар қарздор аст ва бар пояи як созиши ахир миёни Тоҷикистон ва Русия, истифодаи ин нергоҳ аз сӯйи ширкати русӣ то соли 2048 тамдид мешавад.

 

Талафоту дуздии барқ зиёд аст

Дар ҳоле, ки масъулини интиқолу тақсими барқ сабабро дар паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд, коршиносон чанд мушкилии дигарро иброз доштанд. Як коршинос, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” талафоти зиёд ва дуздии барқро аз сабабҳои дигари таъмин нагардидани аҳолӣ бо нерӯи барқ арзёбӣ кард. 

“Масъулини барқ ваъда доданд, ки то соли 2030 талафоти нерӯи барқро ба 10 дарсад мерасонанд, дар ҳоле, ки мегӯянд 17 то 22 дарсад талафот аст. Аммо ба ҳисоби коршиносон талафоти нерӯи барқ дар кишвар то 40 дарсад расидааст”,- мегӯяд коршинос. 

Коршинос таъкид мекунад, ки “дар сурате, ки  истифода аз обанбори “Норак”-ро кам мекунанд, ба Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2 зиёдтар маблағ ҷудо шавад, ба ҷойи ангишт бо газ таъмин кунанд, ҳадди аққал шаҳри Душанбе бо барқ пурра таъмин мешавад”. 

 

“Аз оғози “лимит”-и барқ 30 сол пур шуд”

Ба гуфтаи Камолиддин Сироҷиддинов, дар кишвар зиёда аз 400 адад тронсформатор таъмирталаб буда, дар минтақаҳо зеристгоҳҳо ва симчӯбҳо бояд иваз шаванд то дар интиқоли нерӯи барқ мушкилӣ ба вуҷуд наояд. 

Ин коршинос аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ёдовар шуда таъкид кард, ки корҳои анҷомёфта дар ин муддат, барои аз байн бардоштани “лимит”-и барқ кофӣ набуданд.

“Бо қарори ҳукумати кишвар моҳи ноябри соли 1995 маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуда буд, ба истиснои солҳои 2017-2018 дигар солҳо дар кишвар аз рӯйи “лимит” барқ дода мешуд. Дар ин муддат мо тавонистем нерӯгоҳҳо, таҷҳизоти калони интиқоли барқ ва дастгоҳҳоро таъмиру иваз кунем, аммо таҷҳизоти дохили шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳо пурра таъмир ё иваз нашуданд. Шояд дар муддати 3-4 соли оянда бо ивази таҷҳизоти боқимонда “лимит”-и нерӯи барқ аз байн бардошта шавад”, - таъкид кард коршинос. 

Яке аз ошхонаҳои шаҳри Душанбе
Сурат: Азия-Плюс

 

“Эҳтимол обанбори “Роғун”-ро пур карданд, ки боиси камомад дар нерӯгоҳи “Норак” гардид”

Як коршиноси соҳаи энергетика, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, бо фармони раисҷумҳур бояд то охири моҳи сентябри имсол обгирӣ дар обанбори "НБО Роғун" дар сатҳи 1100 метр расонида шавад. Аз ин рӯ, эҳтимол то нимаи моҳи октябр “Роғун”-ро пур кардаанд, ки ба ин далел резиши об ба обанбори “Норак” кам шуда ва он ба қадри кофӣ пур нашуд”.

“Аз рӯйи маълумот, сатҳи оби обанбори “Роғун”-ро то охири сол бояд 5 метр мебардоштанд. Чун сатҳи оби ин обанбор низ кам шудааст. Ба ҳамин хотир ба обанбори “Норак” об кам ворид шуда истодааст. Барои он ки оби обанбори “Норак то моҳи март расад, “лимит” ҷорӣ кардаанд ва ҳоло ҳамагӣ чанд агрегати нерӯгоҳ кор карда истодааст”,- афзуд манбаъ. 

Кӯшишҳои мо барои гирифтани маълумот дар ин бора аз Вазорати энергетика ва масъулони “Барқи тоҷик” бенатиҷа анҷомид. 

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. 

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта зимни ироаи паём гуфт, ки моҳи майи соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.