Бо гузашти қариб се моҳ аз шикояти сокинон дар бораи маҳдудият ё ба қавли маъруф “лимит”-и барқ дар аксари минтақаҳои кишвар, мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки дар кишвар расман маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст ва тартиби таъмини онро ҳам шарҳ доданд.

Дар нусхаи як мактуб, ки бо имзои Салвӣ Маноҷ, директори ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз 27-уми ноябри соли 2025 ба мақомоти зертобеи ин ниҳод ирсол шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, талаб мешавад, ки “тартиби таъминоти барқ, қатъ гардидани баъзе истеъмолкунандагон”-ро фавран иҷро кунанд.

Дар ин мактуб зикр шудааст, ки “дар сурати иҷро нашудани ин дастурҳо нисбат ба шахсони масъул чораҳои интизомӣ андешида мешаванд”.

Аз ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ” дурустии ин мактубро ба мо тасдиқ карданд.

 

Нусхаи мактубе, ки бо имзои роҳбари ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шабакаҳо нашр шудааст.

Дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода кунед, барқ хомӯш мешавад

Дар он аз ҷумла омадааст, ки барқи идораҳои давлатӣ ва ташкилоти буҷетӣ аз соати 18:00 то оғози рӯзи нави корӣ (мушаххас гуфта нашудааст, ки соати чанд аст) қатъ карда шуда, чароғҳои кӯчагии беаҳамияти стратегӣ хомӯш карда шаванд.

Ҳамчунин, дар он зикр мешавад, ки “ҳамаи истеъмолкунандагони гурӯҳи 1 бо иқтидори 5 кВт (ба истиснои шаҳри Душанбе) дар давраи маҳдудият аз шабака ҷудо карда шаванд”. Дар ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ” гуфтанд, ки ба “гурӯҳи 1 истеъмолкунандагони барқ” мағозаҳо, ташкилоту корхонаҳои хурд, ошхонаҳо, корхонаҳои ғайрисаноатӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Муҳаммад Ғуломов, як масъули ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки "минбаъд дар шаҳрҳои калони кишвар, мисли Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар нерӯи барқи аҳолӣ дар ҳолате, ки дар як вақт чанд таҷҳизот ба нерӯи барқ пайваст мешавад ва ҳаҷми истифодаи барқ дар як вақт аз 5 кВт зиёд мешавад, барқ ба таври худкор аз низоми билингӣ хомӯш мешавад. Баъди аз 5 кВт кам кардани истеъмоли барқ дубора ва ба таври худкор нерӯи барқ барқарор мешавад”, - гуфт Муҳаммад Ғуломов.

Номбурда таъкид кард, ки чунин тасмим ҷиҳати истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ аз сӯйи аҳолӣ ва дар давраи маҳдудият таъмин шудани онҳо бо барқ гирифта шудааст.

“Ҳаст ҳолатҳое, ки дар шаҳр як хонавода барқи зиёд истеъмол мекунад, ки ин боиси норасоии барқ ба дигар сокинон мегардад. Ҷиҳати таъмин кардани сокинони биноҳои баландошёна бо нерӯи барқ ин тасмим гирифта шуд. Дар ҳолате ки аҳолӣ сарфакорона нерӯи барқро истифода кунанд, барқи барои як шаҳр ҷудошуда, мерасад”, - таъкид кард Муҳаммад Ғуломов.

Ин масъули ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мушаххас нагуфт, ки риояи ин меъёр аз кай оғоз бояд шавад, аммо мактуб рӯзи 27-уми ноябри соли 2025 ирсол шудааст. Ин масъул гуфт, дар бораи низоми мазкур ба сокинон пешакӣ тариқи паёмрасон огоҳинома фиристода шуда, баъди он роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз субҳи дирӯз, аллакай чанде аз сокинони гирду атрофи Душанбе ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки барқашон хомуш мешавад ва бо гузашти чанд дақиқа дубора рӯшан мешавад.

 

Барқ “мувофиқи навбат ва тартиби муайян” хомӯш мешавад

Ҳамчунин, дар банди дигари ин мактуб зикр мешавад, ки ҳисобкунакҳои "ҳушманд" мувофиқи навбат ва тартиби муайян аз системаи биллингӣ хомӯш карда шаванд. Вале шарҳ дода нашудааст, ки бо кадом тартиб ва аз соати чанд то чанд барқи ин ҳисобкунакҳо хомӯш карда мешавад. Аз ҶСК “Шабкаҳои тақсимоти барқ” ҳам инро шарҳ надоданд.

 

Чароғҳои кӯча ва биноҳо хомӯш мешавад

Банди дигар, ба хомӯш кардани барқ ё чароғҳои кӯчагӣ, ки “аҳамияти стратегӣ надоранд”, рабт дорад. Дар гузашта ҳам барои сарфаи барқ чароғҳои кӯчаву биноҳоро дар шаҳрҳои калони кишвар, махсусан Душанбе хомӯш мекарданд.

 

Нерӯдиҳии мошинҳои барқӣ аз соати 6-и бегоҳ то 10-и шаб манъ аст!

Нуктаи дигар дар ин қарор ин аст, ки ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳии мошинҳои барқӣ аз соати 18:00 то 22:00 аз шабакаи барқ ҷудо карда шаванд. Яъне ба истилоҳи дигар, аз соати 18:00 бегоҳ то 22:00 шаб соҳибони мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо наметавонанд, ки мошинҳои худро дар нуктаҳои нерӯдиҳӣ нерӯ диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Радиои Озодӣ, аллакай дар Душанбе навбатҳои дарози мошинҳои барқӣ дида мешавад, ки мехоҳанд мошинҳояшонро бар барқ пайваст кунанд.

Ба гуфтаи ронандагон, дар бисёр нуқтаҳо аз соати 9 – 10-и субҳ ва баъд аз соати 16 – 17-и шом барқ нест.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълоне мачархад, ки дар он гуфта мешавад, “тибқи супориши ҳукумат” аз 16:00 то 22:00-и шаб ва аз соати 05:00 то 9:00 нерӯ додани мошинҳо “мумкин нест”.

 

Аввалин эътироф ва шадидтар шудани “лимит”-и барқ

Ин аввалин эътирофи мақомот дар робита ба маҳдудияти интиқоли барқ дар соли равон аст. Солҳои гузашта дар нимаи моҳи сентябр ва ё аввали октябр вақте “лимит”-и барқ ҷорӣ мешуд онҳо инро эътироф ва аҳолиро расман огоҳ мекарданд.

Вале имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон мегӯянд, “лимит”-и барқ шадидтар шуда, дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.

Қаблан, Муҳаммад Ғуломов, гуфта буд, ки “сокинони кишвар ин шабу рӯз, субҳ аз соати 5:30 то 8:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:30 то 21:00 бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд”.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. 

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта зимни ироаи паём гуфт, ки моҳи майи соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.