Пиряхҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳарчи тезтар об мешаванд, ки ин ба ҳаёти кишоварзон таъсири мустақим дорад. Зироатҳо ҳарчӣ бештар об талаб намуда, гармо ва тӯфони чангу ғубор ба саҳрову занбӯрҳои асал таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Барои идомаи кори худ хооҷагиҳои деҳқонӣ тарзҳои нави мутобиқат меҷӯянд - аз биогаз то кишти такрорӣ.
Замине, ки ду бор ҳосил медиҳад
Дар хоҷагии деҳқонии «Усто Мурод» дар шаҳри Ваҳдат, ки раҳбариашро Ғалатмо Алиева бар дӯш дорад, аз як замин дар як сол ду ҳосил гирифта мешавад. Пас аз дарави гандум ё ҷамъоварии сабзавот, хоҷагӣ заминро дубора бо ҷуворӣ ё зироатҳои хӯрокаи чорво кишт мекунад. Сарфи назар аз ноустувории иқлим, ки ҳарчи бештар ғайриқобили пешгӯӣ мешавад, ин амал ба оила ҷиҳати таъмини манбаи устувори маҳсулоти ғизойӣ имкон медиҳад.
«Мо наметавонем танҳо ба як ҳосил такя кунем, — мегӯяд Ғалатмо. — Иқлим пешгӯинашаванда аст: рӯзҳои гарму шадид, тӯфонҳои чангу гард, хушксолӣ. Агар як зироат ҳосили кофӣ надиҳад, дувумаш ба пӯшонидани хароҷот кумак мекунад».

Киштгардон ба нигаҳдории ҳосилхезии хок ёрӣ мерасонад, лекин ҳатто ин тадбирҳо ҳам наметавонанд пурра аз тағйироти иқлим ҳифз кунанд.
Иқлим, пиряхҳо ва табиати тағйирёфта
Рӯзҳои гармои шадид ва обшавии пиряхҳо мустақиман ба соҳаи кишоварзӣ таъсир мерасонанд. Ғалатмо инро чунин шарҳ медиҳад: “Мо об дорем, зеро ба сарчашмаҳои дарё наздикем, вале ба мо ҳам лозим меояд, ки тез-тез об диҳем. Агар пештар дар як мавсим се бор обёрӣ кофӣ буд, пас ҳозир 5-6 бор зарур аст”.
Чунин зарурат ба обёрии зиёд натанҳо бо болоравии ҳарорат, балки бад шудани реҷаи боришот низ шарҳ дода мешавад.
Бар асари гармои шадид хок қувваи худро аз даст дода, ҳосилнокии он бо ёрии нуриҳои минералии биологӣ нигаҳ дошта мешавад.

“Сол то сол замин қувваи худро аз даст медиҳад. Мо бисёртар обёрӣ намуда, ҳосилнокӣ ва маҳсулнокии худро бо ёрии нуриҳои минералии биологӣ нигоҳ медорем”, - илова мекунад Миралӣ, ҳамсари Ғалатмо.
Зиён бар асари гарду чанг ва гармии шадид
Тӯфони чангу ғубор ва ҳарорати баланд ба хоҷагӣ зарари назаррас ба бор меоранд. Чангу ғубор боло растаниҳоро пӯшонида, рушди муътадили онҳоро бозмедоранд.
Ин ба гуфтаи ӯ, ба то ҳадди камтарин расонидани зарар аз чангу гард ва гармои шадид имкон медиҳад, лекин хароҷот ба ҳифзу нигаҳдории ҳосил ҳарчи зиёдтар мешавад.
“Чангу гард болои баргҳо хобида, аз нафаскашӣ бозмемонанд, - мегӯяд Ғалатмо. - Барои ҳифзи растаниҳо, болои онҳоро бо плёнка пӯшонида ё дар гармхонаҳо парвариш мекунем”.
Ҳар тобистон оила барои нигаҳдории ҳосили зироатҳои худ бо зарурати истифодаи воситаҳои иловагӣ, аз ҷумла плёнка ва гармхона дучор мешавад. Ин хароҷотро зиёд мекунад, лекин бидуни ин чораҳо, талафи ҳосил ногузир мешавад.

“Ҳар сол мо бо он рӯбарӯ мешавем, ки обёрӣ ва ҳифзи растаниҳо аз чангу гард ва гармои шадид ҳарчи бештар гаронтар мешаванд”, - зикр мекунад Ғалатмо Алиева.
Чангу гард, гармои шадид ва мушкилот бо занбӯри асал
Хоҷагии “Усто Мурод” оилаҳои занбӯри асал низ дорад. Тӯфони чангу ғубор ва гармои шадид дар тобистон парвариши занбӯри асалро душвор месозанд.
Миралӣ, шавҳари Ғалатмо аз хурдӣ бо занбӯри асал сарукор дорад ва мегӯяд, ки занбӯрҳо наметавонанд шаҳд ё гард (нектар) ҷамъоварӣ кунанд, зеро гулҳо тез гул карда, чанг растаниҳоро рӯйпӯш мекунад. Ҳосили асали чор маротиба кам шуд.
“Пештар аз як оилаи занбӯрҳо мо 20-25 кг асал мегирифтем, имсол бошад, ҳамагӣ 4-5 кг”, - шикоят мекунад Миралӣ.
Занбӯрпарварӣ низ муҳофизат аз тӯфони чанг ғуборро талаб мекунад. Миралӣ зикр мекунад, ки ёфтани шаҳд барои занбӯрҳо душвор шудааст, зеро аз растание, ки бо чангу ғубор пӯшонида шудааст, онро ҷамъоварӣ кардан ғайриимкон аст.

Биогаз: фоида ва сарфа
Насби таҷҳизоти биогаз бо дастгирии Барномаи рушди СММ як воситаи наҷот барои оила шуд. Биогаз дар як сол барои онҳо аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ сарфа карда, нуриҳои минералии биологии аз биогаз ҳосилшуда ҳолати хокро ба таври назаррас беҳтар карданд.
“Акнун ҷамъоврии ҳезум ё тайёр кардани пору лозим нест. Газ тоза месӯзад ва ба туфайли нуриҳои минералии биологӣ, хок нисбатан ҳосилхез шуд”, - изҳори хушнудӣ мекунад Ғалатмо.
Қарзҳои фоизашон баланд ва технологияҳои гарон
Бо вуҷуди ин, қарзҳои фоизашон баланд монеъаи ҷиддӣ барои рушди минбаъдаи хоҷагӣ боқӣ мемонанд.
“Қарзи мо ба 31% баробар аст. Мо барои мутобиқат, ба технологияҳои нав ниёз дорем, лекин қарзҳо хеле гаронанд”, - эътироф мекунад Ғалатмо.
Оила ба обёрии мукаммали қатрагӣ дар заминҳо сарфи назар аз самаранокии он имкон надорад. “Низоми обёрии қатрагӣ гарон аст. Мо онро танҳо дар гармхона барои кӯчат истифода мебарем. Дар замин мутассифона, имкон надорем”, - шарҳ медиҳад Миралӣ.
Ҳарчанд қарзҳои имтиёзнок вуҷуд дошта бошанд ҳам, гирифтани он хеле душвор аст.
“Он ҷо чунин талаботҳое ҳаст, ки мо, кишоварзон аз уҳдаи иҷрои онҳо намебароем”, - изҳор мекунад Ғалатмо.
Хавфҳои молиявӣ ва имкони идомаи фаъолият
Сарфи назар аз ҳама душвориҳо, хоҷагии Алиевҳо ба туфайли кори бисёрсамта, аз ҷумла парвариши якчанд навъи зироат, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ ва биогаз устувор боқӣ мемонад.

“Мо аз интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон вобаста нестем, - мегӯяд Ғалатмо. - Ҳамаи фарзандонам ҳамроҳ дар саҳро кор мекунем. Дар як сол ду ҳосили зироатҳои гуногун парвариш мекунем, ба чорводорӣ машғулем. Агар як зироат ҳосил надиҳад, ҳосили дигар зироат барои рӯйпӯш сохтани хароҷот ёрӣ мерасонад”.
Вақте ки замин ба чангу гард табдил меёбад: кишоварзон дар бораи ҳаёти бидуни об
Малик Аҳмедов дар заминҳои лалмӣ кишоварзӣ мекунад. Заминҳои ӯ дар адирҳо (доманакӯҳ) ҷойгиранд, ки дар он ҷо обёрӣ нест. “Бар асари гармо намӣ чуқур ба замин рафта, чангу ғубор баргҳои растаниҳоро тавре мепӯшонанд, ки онҳо наметавонанд нафас кашанд. Имсол аз 1 гектар ҳамагӣ 1 тонна зироати ғалладона гирифтам. Хароҷотамро базӯр мебарорам”, - шикоят мекунад деҳқон.
Хеле зуд хушкшавии алаф дар адирҳо, молро аз чарогоҳҳо маҳрум сохта, заминҳои сӯхташуда ба манбаи чангу гард табдил меёбанд. Ин дар навбати худ ҳолати киштро бад карда, ҳосил боз ҳам бештар талаф меёбад.
Мушкилоти об яке аз шадидтаринҳо боқӣ мемонад. “Ман заминҳои лалмӣ дорам, обёрӣ намешаванд, - мегӯяд Малик. - Мехостам, ки зарфе барои захираи об гирам, то ки баҳорон обро ҷамъ карда, ба дарахтон тақсим кунам, лекин барои ин пул лозим аст, ки ман надорам”.
Бахтиёр сабзавот парвариш карда, бо дигар мушкил рӯбарӯст: об ҳаст, лекин баробар тақсим намешавад:
“Касоне ки дар саргаҳи каналанд, ҳамаи обро гирифта, он то хоҷагиҳои поёнӣ намерасад. Бар асари гармои шадид талаботи зироатҳо ба об 2-3 баробар зиёд шуд”.
Корманди илмии Пажуҳишгоҳи хокшиносӣ ва агрохимияи Акдемияи улуми кишоварзии Тоҷикистон чунин зикр мекунад:
“Болоравии ҳарорат ва камшавии боришот ба афзоиши талабот ба об барои обёрӣ боис мегардад, ки ба ҷараёнҳои буғшавӣ ва шӯршавии хок тақвият мебахшад”.
Ба гуфтаи ӯ, тағйирёбии иқлим аллакай таъму маззаи сабзавотро дигар кардааст: қаланфур тезии худро гум карда, навъҳои маҳаллии помидор аз байн мераванд ва тарбузҳо дар заминҳои лалмӣ ҳосили пешинаро намедиҳанд.
Таъсири обшавии пиряхҳо ба кишовразӣ. Мутахассисон чӣ мегӯянд?
Тағйирёбии иқлим ба нисбатан тез-тез ба вуҷуд омадани падидаҳои табиӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла хушксоливу, гармои шадид ва тӯфони чангу ғубор боис мегардад. Чунин шароит ба ҳосилнокии зироатҳо таъсири манфӣ расонида, талабот барои обёриро зиёд ва кишоварзонро маҷбур месозад, ки барои нигаҳдории фаъолияти хоҷагиҳо ҳарчи бештар хароҷот кунанд.
Тавре ки дар гузориши “Профил (симо)-и тағйирёбии иқлим: Тоҷикистон” зикр мешавад, дар муқоиса бо давраи солҳои 1986-2005, шумори рӯзҳои гарм бо ҳарорати зиёда аз 40°C то соли 2080 зиёда аз 12 рӯз бештар мешавад.
Пиряхҳо дар Тоҷикистон сарчашмаи калидии об маҳсуб меёбанд. Обшавӣ ва аз байн рафтани онҳо захираҳои мавсимии обро, ки барои обёрии заминҳои кишт ва истеҳсоли нерӯи барқ заруранд, халалдор месозад.
“Обшавии пурияхҳо ба коҳиши босуръати захираҳои обии зарурӣ барои соҳаи кишоварзӣ ва неруи барқи обӣ (гидроэнергетика) оварда мерасонад. Ин мушкил тадбирҳои таъҷилиро дар самти мутобиқати низомҳои об ва тақсими дубораи захираҳои обӣ тақозо мекунад”, - изҳор кардааст муҳандиси Маркази пиряхшиносии Тоҷикистон дар мусоҳиба ба Cabar.asia.

Мушкилоти марбут ба хок
Гармои шадид ба таназулли хок боис гардида, ҳослнокии онро коҳиш медиҳад. Қариб 70%-и заминҳои кишт ба таназзул осебпазиранд, ки вазифаҳои кишоварзонро душвортар мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба ин раванд суръат бахшида, ҳароратро баландтар ва миқдори боришотро кам мекунанд.
Корманди илмии Пажуҳишгоҳи хокшиносӣ таъкид мекунад, ки бар асари болоравии ҳарорат ва камшавии боришот, хокҳо нисбатн камҳосил мешаванд, ки ба таназзул ва коҳиши маҳсулноки хок боис гардида, ин дар навбати худ, ба камшавии ҳосилнокӣ ва бадшавии вазъият барои кишоварзон оварда мерасонад.
Тӯфони чангу ғубор ва таъсири онҳо
Айни замон тӯфонҳои чангу гард тез-тез рух дода, ҳам ба растанӣ ва ҳам иншооти зерсохтор таъсир мерасонанд. Онҳо ба ҷараёни обшавии прияхҳо суръат бахшида, ҷорисозии тарзу усулҳои инноватсионии ҳифзи зироатҳоро тақозо мекунанд.
Собиқ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода изҳор дошта буд, ки “тез тез рух додани тӯфонҳои чангу ғубор ба низоми экологии кишвар таъсири харобиовар мерасонанд. Ин ҷорисозии тарзу усулҳои нави ҳифз ва барқарорсозии ҷангалҳоро талаб мекунад, то зиён дар бахши кишоварзӣ ба ҳадди поинтарин расонида шавад”.
Хароҷоти зиёд ба об ва нуриҳои минералӣ
Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим талабот ба об барои обёрӣ ба таври назаррас афзуд. Ин ба кишоварзон таъсири ҷиддӣ расонида, хароҷоташонро ба обёрӣ ва нуриҳои минералӣ зиёд мекунад.
Селеста Сауло, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ зимни конфронс оид ба ҳифзи пиряхҳо дар моҳи июни соли 2025 дар Душанбе изҳор дошта буд, ки “бар асари болоравии ҳарорат дар саросари дунё, обшавии пиряхҳо суръат мегирад, ки ба коҳиши захираҳои обӣ боис мегардад ва таъсири он бахусус барои бахши кишоварзӣ, ки ба таъминоти устувори об вобаста мебошад, ҷиддӣ аст”.

Дастнорас будани технологияҳои муосир
Маблағгузорӣ яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз талошҳои ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ, аксари кишоварзон барои таъмин бо сармоягузории зарурӣ ҷиҳати мутобиқат ба шароити тағйирёбандаи иқлим ва баланд бардоштани устувории хоҷагиҳои худ имкон надоранд.
Гузариш ба тарзу усулҳои самараноки обёрӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ бар асари хароҷоти зиёд ба ин технологияҳо барои бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ имконнопазир боқӣ мемонад.
Профессори Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Ярош Пӯлодов муддати зиёда аз 25 сол дар ҳамдастӣ бо ҳамкоронаш зиёда аз 20 методи таъминот бо обро барои соҳаи кишоварзӣ таҳия намуд.
Ба гуфтаи мутахассис, истифодаи чунин технологияҳо ба кишорварзон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, сарфаи об ва энергия ва мутаносибан ба даст овардани даромади баланд имкон медиҳад. Аммо ҷорисозии чунин роҳҳои ҳал ба маблағи аз 5 ҳазор ва зиёда аз он доллар сармоягузорӣ талаб карда, дар ҳамин ҳол, муҳлати худкифо шудан на камтар аз 6 солро ташкил медиҳад.









