Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд муддати 2 шабонарӯз ҷиҳати баргузории бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин ба Хеврон расид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мунтахаби кишвар бегоҳи 3 сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубай ва аз он ҷо ба Уммони Урдун парвоз кард. Аз пойтахти Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба воситаи автобус аз қаламрави Исроил шоми рӯзи 4 сентябр ба шаҳри Ҳеврони Фаластин расид.

Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Фаластин ва Тоҷикистон 6 сентябр дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и Ҳеврон соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бегоҳи 5 сентябр мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Ҳаким Фузайлов дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура» тамрин карда, ба бозии дӯстона бо тими миллии Фаластин омодагӣ мебинад. Бозии дӯстона дар майдони чаманаш сунъӣ баргузор мешавад.