Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар майдони худ аз “Аҳал”-и Туркманистон шикаст хӯрда, ба марҳилаи асосии ин мусобиқа роҳхат гирифта натавонист.

Ин рақобат дирӯз, 13-уми август, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода ("ТАЛКО-Арена") доир шуда, бо натиҷаи 1 бар 2 ба нафъи “Аҳал” анҷом ёфт.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 62-юм аз сӯи Бахтиёр Гургенов, футболбози дастаи меҳмон боз шуд. Пас аз ду дақиқа Давид Атсам, бозигари хатти миёнаи “Регар-ТадАЗ” голи ҷавобиро зада, натиҷаро 1:1 кард.

Футболбозони дастаи “Аҳал” 8 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ бо голи задаи Сулаймон Мирзоев дигарбора пешсаф шуда, ҳисобро 1 бар 2 карданд. Ҳамин тавр, то охири бозӣ дигар натиҷа тағйир накард ва “Аҳал” пирӯз шуд.

Ҳамакнун, дар ин мавсим “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ хоҳад кард. Дастаи “Аҳал” бошад, баъди пирӯзӣ муқобили “Регар-ТадАЗ” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт.

1/3

Дар ин мусобиқа имсол Тоҷикистонро танҳо “Истиқлол”-и Душанбе намояндагӣ хоҳад кард. Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё дар мавсими нав рӯзҳои 17-19-уми сентябр оғоз мешавад. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа пагоҳ, 15-уми август рӯз пас доир мешавад ва дар он рақибони “Истиқлол” низ маълум хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки мавсими гузашта дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё Тоҷикистонро ду даста - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб муаррифӣ карда буданд. Вале ҳарду дастаи кишвари мо аз гурӯҳ баромада натавонистанд.  

Бояд гуфт, ба далели натиҷаи бади “Истиқлол” ва “Равшан” дар мавсими гузаштаи мусобиқа, сар аз мавсими 2026/2027 ягон даста аз Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ширкат намеварзад. Дар ин мавсим танҳо як даста - қаҳрамони Лигаи олии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.