Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар гурӯҳи "D" дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон тими "Гоа"-и Ҳиндустонро шикаст дод.
Набарди дастаҳо шоми имрӯз, 1-уми октябр, дар шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи "Истиқлол" анҷом ёфт. Голҳои "Истиқлол"-ро Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба самар расонданд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ дастаи "Аз-Завра"-и Ироқро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, тими "Ан-Наср” дар садри ҷадвали ин гурӯҳ қарор гирифт.
Ба ин тариқ, ҷадвали мусобиқа дар ин гурӯҳ баъди ду давр чунин аст:
"Ан-Наср" (Арабистони Саудӣ) – 6 хол (таносуби тӯбҳо- 7:0);
"Аз-Завра" (Ироқ) – 3 хол (2:2);
"Истиқлол" (Тоҷикистон) – 3 хол (2:5);
"Гоа" (Ҳиндустон) – 0 хол (0:4).
Бозии наздиктарини “Истиқлол” бо “Аз-Завра”, ки рӯзи 22-юми октябр дар Ҳисор баргузор мешавад, ҳалкунанда хоҳад буд. Дар сурати пирӯзии футболбозони тоҷик дар ин бозӣ, имкони роҳ ёфтан ба даври ҳазфӣ (плей-офф) бештар мешавад.
Мувофиқи қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) маҳз мавқеи кишвар дар радабандӣ (рейтинг) квотаҳо барои иштирок дар мусобиқаҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як хол барои "Истиқлол" ва дигар дастаҳо аз Тоҷикистон аҳаммияти хеле муҳим дорад.




