Ин ҳодисаи садамаи нақлиёт субҳи 14 май дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рух дод.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини ноҳияи Зафаробод Умарқул Азизови 31-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зери идораи сокини ноҳияи Деваштич Камолиддин Ашӯрови 34-сола бармехӯрад.
Дар натиҷа мусофирони "Опел-Вектра" Субҳонқул Азизови 38-сола, Ибодат Шарифоваи 59-сола - сокинони ноҳияи Зафаробод ва мусофири "Опел-Астра" Шукур Нурови 71-сола аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.
Ронандагони автомашинаҳо ва як мусофири 33-солаи автомашинаи «Опел-Вектра», сокини ноҳияи Зафаробод Илҳом Кучаков ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.