Кормандони милитсияи пойтахт як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз боздоштшуда Билол Фарҳодови 18-сола 120 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфту мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел нисбат ба Фарҳодов мутобиқи моддаи 199(1) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.

Мувофиқи моддаи 199 (илов. 1) Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мавсими “шикор”-и маснуоти тарфгарӣ оғоз мебахшанд; он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав рост меояд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ворид намудан, паҳнкунӣ ва фурӯши маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон аз соли 2008 манъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.