Дар Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели авбошии бо истифода аз зӯроварӣ содиршуда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил нисбат ба ҷавонон тафтиш мешавад. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и раёсат хабар дода мешавад.

Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшудагон дар давраи солҳои 2022-2023 дар ҳайти гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ “бе сабаб ҷавононро мушту лагадкӯбӣ мекардаанд”. Ҳамзамон онҳо ин ҳолатҳоро дар видео наворбардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр нашр мекардаанд.

“Дар ҷараёни тафтишот ошкор шуд, ки гурӯҳ аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, қисмате аз онҳо ғайриқонунӣ дар Русия ба сифати муҳоҷирон қарор доштаанд. Айни замон 5 нафари соли таваллудашон 2002, 2004, 2006 ва 2007, инчунин саркардаи ин гурӯҳ боздошт шудаанд”, - зикр мешавад дар хабар.

Ба ҳамаи гумонбаршудагон дар 4 ҳолат аз рӯи аломатҳои қисми 2, моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (Авбошӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

“Нисбат ба ҳамаи айбдоршавандагон чораи пешгирӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан амалӣ шудааст”, - гуфта мешавад дар хабар.

Дар ин қисми модда ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 млн рубл ё дар ҳаҷми маош ё дигар даромади маҳкумшуда дар давраи аз 3 то 4 сол, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол, ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 7 сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.