Дар пайи ҳамлаи мушакии Ҳамос ба гузаргоҳи Карим Шолум, Исроил аз фаластиниҳо хостааст, ки пеш аз ҳамлаи тарҳрезишудаи ин кишвар маҳаллаҳои шарқии Рафаҳро тахлия кунанд, менависад “8-и субҳ”.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, артиши Исроил имрӯз, 6-уми май, гуфтааст, ки фаластиниҳо бояд ба минтақаи бемористонҳои саҳроӣ ва урдугоҳҳои башардӯстона барои оворагон дар Ал-Мвасӣ ва Хон Юнус бираванд.
Артиши Исроил аз шаби гузашта ба ин сӯ бо партофтани варақаҳо, ирсоли паёмҳо ба мардуми Ғазза аз тахлияи маҳаллаҳои шарқии Рафаҳ хабар додааст.
Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, ки “нерӯҳои мусаллаҳи Исроил дар ҳама ҷойи Ғазза ва то замони бозгашти ҳамаи гаравгонҳои дар дасти Ҳамос буда, таъқиби ин гурӯҳро идома хоҳад дод”.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Ҳамос ба як пойгоҳи низомии исроилӣ дар гузаргоҳи Керем Шалом дастикам се сарбози исроилӣ кушта шудаанд.
Чанде пас аз ҳамлаи Ҳамос ба гузаргоҳи Карим Шолум, ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил дар Рафаҳ 9 фаластинӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳамлаҳои дирӯзи Исроил низ беш аз 19 фаластинӣ кушта шудаанд.
Дар ҳоле ки беш аз як миллион фаластинӣ дар Рафаҳ дар наздикии марзи Миср паноҳ бурдаанд, Исроил гуфтааст, ки ба ин минтақа ворид мешавад.
Поёни музокироти оташбас ва оғози ҳамалоти густурда ба Рафаҳ
Дар пайи ҳамлаҳои дирӯз дар ҳарду тараф дар ҷанги Ғазза, ки боиси кушта шудани се сарбози исроилӣ ва беш аз 19 фаластинӣ шуд “бадбинии фазояндае” дар хусуси расидан ба як тавофуқи оташбас дар музокироти байни Исроил ва Ҳамос дар Қоҳира вуҷуд дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳо дар музокироти ду рӯзи ахир дар роҳи расидан ба оташбас пешрафти зиёде ҳосил нашудааст ва дирӯз ҳайати Ҳамос барои "машварат" аз Қоҳира ба Давҳа рафтааст.
Вилям Бернс, раиси Идораи CIA-и Амрико, ки яке аз миёнаравҳои аслии ин музокирот буд, аз Миср ба Қатар рафтааст.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки даври нави музокирот имрӯз аз ҷониби Миср баргузор мешавад.
Хабаргузории Франс Пресс гузориш додааст, ки Исроил ва Ҳамос дар ин музокироти ғайримустақим ба хостаҳои худ боқӣ мондаанд ва омода нестанд дар мавриди талабҳои калидӣ созиш кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаҳои Ҳамос рӯзи 7-умиоктябр ба Исроил 1200 нафар кушта ва ҳудуди 240 нафар гаравгон гирифта шуданд.
Масъулини беҳдошти Ғазза гуфтаанд, ки аз 7-уми октябр дар ҷараёни амалиёти ҷавобии Исроил беш аз 30 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Аҳднома миёни Тоҷикистону Қирғизистон. Президентҳо ҳамдигарро табрик карданд
“Хандасарой” - и Холиқназар Ҷумъазода чоп шуд
Ҷаримаи волидони хонандагони мактаби Душанбе барои паст задани шаъну эътибори омӯзгор
Роҳбари ФСБ Русия: “Дар робита ба қазияи “Крокус” зиёда аз 20 нафар боздошт шуданд”
Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2024 маълум шуд
Аввалин гурӯҳи зойирини Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтанд
Ҳосил каму нархҳо баланд. Дар Тоҷикистон имсол ҳосили гелос хеле кам аст
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста