Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо вазири фарҳанги ин кишвар Михаил Кулиняк дар шаҳри Киев масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фарҳанг баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни ташкилотҳои эҷодӣ, тавсеаи робитаҳо байни намояндагони ҳунару фарҳанги кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ҷонибҳо амалисозии қарордодҳоеро, ки зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати соли равон баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина ва Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон ба имзо расида буданд, муҳим арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот сафири Тоҷикистон вазири фарҳанги Украинаро ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ки сафорат дар ҳамдастӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Туркия ва дигар кишварҳои минтақа доир менамояд, даъват намуд.