Дар толори кинотеатри «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт нахустнамоиши филми тоҷикии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» доир гардид.

Драмаи мусиқиву мазҳакавии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст. Коргардони филм Баҳром Сайфиддинов мебошад.

Дар маросими нахустнамоиши филм коргардон Баҳром Сайфиддинов ба сарпарастон - ширкати «Лото спорт» ва ҶДММ «Тоҷпронполимер» ва ҳамчунин барои кумак ба сокинони деҳаи Вешаб миннатдорӣ изҳор намуд.

Ӯ ҳамаи актёрон, оҳангсоз ва дигар шахсонеро, ки дар наворбардории филм саҳм гузоштанд, муаррифӣ намуд.

Нақшҳои асосӣ дар филми мазкурро Фарҳод Холҷонов (Ворис) ва Савлатмоҳ Ҳақназарова (Моҳпарӣ) бозида, ҳамчунин ҳунармандон Нурулло Абдуллоев, Ҷумъахон Сироҷов, Дилбар Умарова, Гулсара Абдуллоева, Амина Табарова, Фатҳулло Абдуллоев ва Карим Ғафуров низ дар ин филм нақш офаридаанд.