Пас аз аз баршумурдани 95%-и протоколи варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Қирғизистон нахуствазири ин кишвар Алмосбек Отамбоев пешсаф аст.
Бино ба гуфтаи роҳбари Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон Туйғуналӣ Абдураҳимов, айни замон ба Кумитаи марказии интихобот 95,4%-и протоколҳои варақаҳои овоздиҳӣ ворид гардида, аз рӯйи натоиҷи он 62,88% ба ҷонибдории Алмосбек Отамбоев, 14,9% ба тарафдории Адахон Мадумаров ва 14, 43% ба ҷонибдории Қамчибек Ташиев раъй додаанд.
Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихоботи президенти Қирғизистон ба даст овардани беш аз 50%-и раъйи интихобкунандагон зарур аст.
«Даври дуюми интихоботи президентӣ дар Қирғизистон баргузор намешавад. Отамбоев аз нисф хеле бештар раъйи интихобкунандагонро ба даст овард ва метавон гуфт, ки ӯ аллакай дар даври аввал пирӯзӣ ба даст овард», - иттилоъ медиҳад ИТАР-ТАСС бо такя ба гуфтаҳои Туйғуналӣ Абдураҳимов.
Раиси Кумитаи марказии интихоботи Қирғизистон ҳамчунин зикр кардааст, ки дар чанде аз қитъаҳои интихоботӣ кӯшишҳои ба миқдори зиёд якбора ба қуттиҳои овоздиҳӣ партофтани баргаҳо ба қайд гирифта шудааст. «Ин қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шуда, натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ин қитъаҳо яқинан бекор карда мешаванд», - изҳор доштааст ӯ.
Айни замон роҳбари давлати Қирғизистон президенти давраи гузариш Роза Отунбоева мебошад, ки ваколатҳои ӯ 31-уми декабри соли 2011 ба анҷом мерасанд ва ӯ бори дуюм ба ин мансаб довталабӣ карда наметавонад. Мутобиқи конститутсияи нави Қирғизистон, ки соли гузашта пас аз табаддулоти давлатӣ қабул шуд, президенти Қирғизистон ба муддати 6 сол ва танҳо ба як мӯҳлат интихоб мегардад.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста