Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, 24 марзшикани афғонро боздошт кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарёи ин кишвар як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳо ба ҷазираи мазкур омадаанд.
“Вақте гурӯҳи марзбонон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд. Дар пайи амалиёти махсус 24 нафар боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад”, - зикр гардидааст дар иттилоия.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа зиёд мерӯяд.
Таъкид мегардад, ки айни ҳол ҷазираи марзии Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё таҳти назорати Нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон қарор дорад.
Қаблан Толибон* низ рух додани чунин ҳодисаро дар марзи Афғонистон ва Ӯзбекистон тасдиқ карда, гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳаводиси нохуш дар марзи ин ду кишвар набуда, қаблан аз ҷониби Афғонистон ба Ӯзбекистон чандин мушак партоб шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста