Урун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз адибони хушноми тоҷик имрӯз ҷашни милод дорад ва ба синни 86 қадам мемонад.

“Asia-Plus” нависандаро бо зодрӯзаш табрик гуфта, зимни як суҳбати кӯтоҳ, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шуд.

- Чӣ ҳолу ҳаво доред ва бо чӣ корҳо машғулед?

- Ҳоло кори хосе надорам ва бештари вақти ҳудро бо қадамзанӣ дар ҳавои кушод мегузаронам. Махсусан, ҳоло ки баҳор фаро расидааст, аз зебогии табиат баҳра мебарам. Эҳсоси эҷодкорӣ дар вуҷудам ҷӯш мезанад, аммо дигар синну сол имкон намедиҳад, то бештар нависам.

Барои кӣ менависам?

- Соли пеш гуфтед, ки аз кори эҷодӣ даст кашидед. Бо гузашти як сол, андешаи худро бозбинӣ накардед?

- Воқеан, аз эҷод даст кашидаам. Чанд сол шуд, ки кори ба табъи дили худ мувофиқ анҷом надодам. Зеро қувваи корӣ намондааст. Вақте қалам ба даст мегирам, дастам ба ман итоат намекунад. Чашмам ҳам дигар ҳарфҳоро хуб намебинад. Бо ин ҳол, андешае, ки ба сар ҳаст, мепарад, гум мешавад.

Баъдан, фикр мекунам, ки барои кӣ менависам. Барои худам? Оё навиштаҳои ман ба хонанда мерасад, хонанда онро дарк мекунад, андешаеро сохта метавонад?

Дар асл, сухан бояд ҳадафнок гуфта шавад, вагарна гапи тиҳӣ аз маънӣ зиёд аст. Қаламкаш ҳам ҳадаф надошта бошад, бояд даст аз кор бардорад. Ба қавле, дард бисёр аст, аммо имрӯз ҳамаашро гуфта намешавад.


- Навиштаҳои то ҳол чопнашуда доред?

- Хеле зиёд. Ин гуна нест, ки комилан даст аз қалам бардошта бошам. Романҳои хурд менависам ва ягон-ягон дар матбуот ба нашр ҳам мерасонам. Дар бойгонии камина дафтарҳои зиёд маҳфуз ҳастанд.

Ҳоло аз муомилаву амалкарди ноширон дилсардам. Ду соли пеш чанд навиштаамро дар як маҷмааи мухтасар бо номи “Орди гандум бо сабӯсаш” ҷамъ оварда, ба нашриёти “Адиб” барои чоп супоридам. Ҳоло аз ин китоб на хат ҳасту на хабар. Камина қуввати ба нашриёт рафтану аз тақдири китоб пурсиданро надорам ва масъулини он ҷо ҳам ду сол шуд, ки ҷавоб намедиҳанд. (Аз раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз ба “Азия-Плюс”  хабар доданд, ки барои чопи китобҳои якчанд адиби тоҷик, аз ҷумла, китоби устод Урун Кӯҳзод аз ҳисоби Барномаи рушди соҳаи табъу нашр маблағ ҷудо шудааст. - Тавзеҳи идораи “Азия-Плюс”).

Романи хурди “Достони сангистон” дар шумораи №12-и маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуд. Бовар дорам, ки хондани он барои ҳар як хонанда аз манфиат холӣ нест.

“Ормонҳо ҳамон, роҳи ба ормон расидан дигар аст”

- Шумо замоне вориди майдони адабиёт шудед, ки аҳли адаб фазои созандае эҷод карда буданд. Ҳоло фазои эҷодиву қаламкашии кишвар чӣ гуна аст?

- Рукуди солҳои 1960-и замони шӯравиро танҳо фазои адабии кишварҳои ҷавоҳири шӯравӣ шикаст ва ба худшиносиву ватандории солҳои 1980-ум оварда расонид. Бо вуҷуди он ки сензура шадид буд, қаламкашон ҳама имкониятҳои дар даст доштаашонро самаранок истифода бурда, фазои эҷодиро сохта, ба андешаҳо таъсир расонида буданд.

Ба имрӯз нигарем, нисбатан озодии эҷодӣ ҳаст ва ҳар қаламкаше нигоштае дорад, метавонад дар ин ё он нашриёт ба табъ расонад. Имкониятҳои бештар ҳаст, ба монанди интернет, аммо фазои эҷодкоронаи замони шӯравӣ ҳоло нест. Ҷаҳонбинӣ хеле дигар шудааст. Ормонҳо ҳамон аст, вале роҳи ба ормон расидан дигар гаштааст.


Фазои адабиву қаламкашии замони шӯравӣ сензура мешуд, ҳоло озодии қаламкашон дар доираи қонун мавҷуд аст, вале худсензурӣ ҷойгузини сензураи расмӣ гардидааст.

“Адибе надорем, ки суханаш арзиш дошта бошад”

- Дар гузашта ҳар сухани қаламкаш вазн дошт. Чаро ҳоло чунин нест?

- Албатта, вазни сухан ба гӯяндаи он алоқаманд аст. Имрӯз мо адибе ба сатҳи устод Мирзо Турсунзода надорем, ки суханаш дар доираҳои гуногун арзиш дошта бошад. Аҳли эҷод натавонистанд мавқеи худро пайдо кунанд. Ин гуноҳи кӣ? Худи мо!

Ба замми ин, фазои адабии имрӯзро ҳамон нависандагону шоироне пур кардаву нигоҳ медоранд, ки дар солҳои 1960-1980 ба майдон ворид шуданд. Имрӯз камина нависанда ё шоири ҷавонеро намешиносам, ки миёни қишри ҷомеа мартаба ва мавқеъ дошта бошад.

- Ба назди Шумо барои гирифтани тавсияву роҳнамоӣ ҷавонони қаламкаш меоянд ё не?

Справка по теме

Урун Кӯҳзод 15 марти соли 1937 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоти миёна ва Омӯзишгоҳи омӯзгории зодгоҳашро хондааст. Донишкадаи давлатии омӯзгориро хатм карда, чанде омӯзгори мактаби миёна, баъдан корманди илмии Институти забон ва адабиёт буд. Дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, Сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, маҷаллаи “Садои Шарқ” ва Иттифоқи нависандагон кор кардааст. Маҷмӯаҳои “Сареву савдое” ва “Як сару сад хаёл”, қиссаҳои “Роҳи ағба”, “Писанддара”, “Бандии озод”, “Тақвими раҳгум”, “Кини Хумор”, романи “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”, рисолаҳои публитсистии “Тоҷикони имрӯза”, “Лоҳутӣ ва баъди ӯ”, “Ҷамъи парешон”, “Акашариф – Борбади асри бист” аз ҷумлаи асарҳои эҷодкардаи ӯ мебошад. Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон буда, Ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соҳиб аст.

- Қаламкашоне меоянд, ки аллакай синнашон аз 40 боло аст. Чуноне ки гуфтам, ҳамон аҳли қаламе, ки то замони истиқлол ба майдони адабӣ ворид шуда буданд.

- Дар ин ҳол насли шумо гунаҳкор аст ва ё насли замони истиқлол?

- Гуноҳ аз ду ҷониб аст. Ба қавле, ҳам сих сӯхтааст ва ҳам кабоб.

- Дар ҳоле, ки Шумо аз набудани хонанда шикоят мекунед, хананда ҳам аз сатҳи пасти асарҳои нависандагони кишвар нигаронӣ доранд. Ин бархӯрд аз куҷост?

- Имрӯз китоби хонаданӣ ва ба андешаҳо таъсиркунанда хеле зиёд аст. Ҳам аз нависандагони миллӣ ва ҳам аз нависандагони хориҷӣ. Вале шароити зиндагонии мардуми мо хуб нест, аз ин лиҳоз вақташонро бештар ба кор кардану рӯзие дарёфт кардан мегузаронанд.

Қаламкашон ҳам ниёз ба пул доранд. Аксари нависандагон, шоирон ва журналистон ҳоло дар хонаҳои иҷора умр ба сар мебаранд. Дар охири моҳ намедонанд, ки сарашонро ба куҷо зананд ва бо ин андешаҳояшон мағшуш аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон ба буҳрони маънавӣ рӯ ба рӯст.

Бехирадӣ ва маддоҳӣ баробаранд?

- Аз сӯи дигар, маддоҳӣ низ аз ҷониби аҳли қалам зиёд ба чашм мерасад. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?

- Вақте, ки инсон аз хирад дур шуд ва зиндагиашро барномарезӣ карда натавонист, ба маддоҳӣ мепардозад.

- Барои пешгирии ин омилҳо чӣ бояд кард?

- Маънавияти миллатро бояд баланд бардошт.

- Фардои миллати тоҷикро чӣ гуна тасаввур мекунед?

- Ман хушбинам. Умед ба ояндаи рӯшани миллатам дорам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.