Маҷлиси миллӣ ё сенати Ӯзбекистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, барои ҳар як китобе, ки маҳбус аз рӯйхати тасдиқшуда мехонад, муҳлати ҳабси ӯ 3 рӯз кам карда мешавад, хабар медиҳад дафтараи матбуоти палати болоии парлумони ин кишвар.
Маҳкумшудаҳо дар як сол метавонанд ҳадди аксар то 30 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд.
Китобҳое, ки зиндониён мехонанд, аз cӯи Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва рӯшангарии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад ва онҳо доро арзишҳои дурусти ахлоқӣ мебошанд. Мутолиаи ҳар китобро комиссияи махсус тасдиқ мекунад.
Ин навоварӣ ба маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, дахл нахоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки қонун ба зиёда аз 13 ҳазору 500 зиндонӣ, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд, татбиқ хоҳад шуд.
Вакилон гуфтаанд, ки қабули ин қонун тарбияи маҳкумшудаҳоро тақвият мебахшад, ба ташаккули эҳтиром ба анъанаҳо ва қонунҳои ҷомеа мусоидат мекунад ва ҳамчунин, ба пешгирии қонуншиканӣ ва коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ёрӣ мерасонад.
Қонуни мазкур пас аз имзои раисҷумҳури Ӯзбекистон ба иҷро медарояд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар Бразилия низ барномае қабул гардид, ки дар асоси мутолиаи китоб кам кардани муҳлати ҷазои зиндониён пешбинӣ мекунад. Дар ин кишвар маҳбусон бо хондани 12 китоб дар як сол то 48 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунанд. Гуфта мешавад, ки мақомот ин тасмимро ҷиҳати коҳиши шумори зиёди зиндониён дар муасиссаҳои ислоҳӣ гирифтаанд.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста