Қазоқистон дар доираи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 16,5 млн доллар 5 ҳазор тонна мазут супурд. Маросими расмии супурдани мавод дар Душанбе бо иштироки намояндагони ду кишвар рӯзи 30-юми сентябр доир гардид.

Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни супоридани гувоҳнома (сетификат)-и гирифтани сӯзишворӣ гуфт, ки кумаки мазкур қисмате аз ҳамкории дарозмуҳлат байни ду кишвар мебошад.

"Қазоқистон дар доираи муносибатҳои стратегӣ бо Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба маблағи 893,7 млн танга кумаки башардӯстона фиристад. Ин ташаббус бо мусоидати Агентии рушди байнулмилалии Қазоқистон KazAID амалӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Акс аз gov.kz

Ба таъкиди вай, кумак ба таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон мусоидат карда, намунаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии мутақобила бар асоси муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон аст.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, қарори интиқоли мазут бо супориши президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қабул шуда, ба дастгирии кори устувори иншооти энергентикӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Акс аз gov.kz

Тайи панҷ соли охир ҳаҷми кумаки башардӯстона, ки аз ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон, расонида шуд, зиёда аз 21 млн долларро ташкил медиҳад. Аз оғози ҳамкории дуҷониба ин маблағ ба зиёда аз 44 млн доллар мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.