ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Чин идома дорад. Он рӯзи 2-юми декабр оғоз гардид ва то 7-уми декабр идома мекунад.
– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1929 – Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд. 12-уми июни соли 1929 Президиуми КИМ-и ИҶШС баъди муҳокимаи ҳисоботи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баровардани ҶМШС Тоҷикистон ва таъсиси ҷумҳурии иттифоқии мустақилу комилҳуқуқ қарор қабул кард. КИМ-и ҶШС Ӯзбекистон 13-уми июни соли 1929 ин қарорро қабул кард ва ниҳоят 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС қабул шуд.
Соли 2008 – Аввалин шумораи рӯзномаи “Шифобахш” нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2017 – Бори аввал алайҳи додгоҳи олии кишвар барои тафтиши бесамари парвандаи шиканҷа даъво баррасӣ шуд. Дар Тоҷикистон мувофиқи Кодекси ҷиноятии кишвар муҷозот барои шиканҷа аз 5 то 7 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Соли 2017 – Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон (“Сборная КВН Таджикистана”) боздошт гардид. Нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - “азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо”, “барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ”, “тақаллуби санадҳо” ва “дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дертар бо татбиқи қонуни авф озод шуд ва ҳоло дар хориҷи кишвар аст.
Соли 2020 - Тоҷикистон ба Анҷумани триатлони Осиёи Марказӣ шомил шуд. Триатлон як намуди мусобиқаи бисёрсоҳаи варзишӣ буда, бо анҷоми пайдарпайи се марҳила аз ҷониби иштирокчиёни он сурат мегирад: шиноварӣ, велосипедронӣ ва давидан.
Соли 2023 – Номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани Атласу адрас” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1720 – Мирзо Абдулқодири Бедил, адиб ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон, яке аз нобиғаҳои назми форс-тоҷик дар 76-солагӣ даргузашт.

Мирзо Абдулқодир Бедил яке аз намояндагони бузурги адабиёти классики форсу тоҷик ва барҷастатарин шоири форсизабони Ҳиндустон буда, соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Номи аслии шоир Абдулқодир буда, тахаллуси адабиаш Бедил аст.
Гузаштагони шоир аслан аз атрофи шаҳри бостонии Самарқанд будаанд. Баъдан ба Ҳиндустон сафар намуда он ҷоро ҷойи зисти худ қарор додаанд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби ибтидоӣ Бедили хурдсол аз қонуну қоидаи забони форсии тоҷикӣ, арабӣ ва аз назму насри форсии тоҷикӣ хуб баҳравар мегардад. Аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ ҳаваси беандоза доштааст. Ба қавли худи шоир ҳангоми 10-сола буданаш бахшида ба яке аз ҳамсабақонаш рубоӣ мегӯяд.
Баъд аз таҳсили мадраса амакаш тарбияи Бедилро бевосита ба зимаи худ мегирад.Ӯ ҳамчун устоди сухан ва шеъру адаби форсӣ ба воя мерасад.
Мирзо Бедил зиёда аз 65 соли умри худро ба эҷодӣ бахшида, асарҳои зиёди назмиву насрӣ таълиф намудааст. Аз шоир осори зиёде боқӣ мондааст, аз ҷумла “Дебоча” “Ирфон” “Тӯримаърифат” “Нукот” “Ишорот ва Ҳидоёт” “Руқаот” “Чор унсур” “Муҳити аъзам” “Тилисми ҳайрат” “Ғазалиёт” “Рубоиёт” “Қасоид” “Ташбеҳ ва тамсилот”.
Бедил соли 1721 дар синни 77 дар Деҳлӣ вафот мекунад.
Соли 1911 – Мавлуди Алоуддин Баҳоуддинов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа.
Соли 1915 – Зодрӯзи Азиза Азимова, раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Азиза Азимова раққоса, балетмейстер ва омӯзгори соҳибтаҷриба буда, бо талошу эҷодиёти худ дар рушди хореография ва театр саҳми намоён дорад.
Фаъолияти ҳунарии ӯ дар Бухоро оғоз гардида, баъди чанд соли кор дар Театри сайёри коргарони Тошканд, соли 1932 ба Тоҷикистон омад ва ҳамчун ҳунарпешаи Театри драма ва ҳамзамон раққосаи Театри мусиқии тоҷик ҳунарнамоӣ мекард. Баъди хатми таҳсил дар Институти давлатии санъати театрии Маскав (1951), солҳои тӯлонӣ ҳамчун сарбалетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.
Нақшҳои офаридаи ӯ – аз Ширину Раъно ва Нозгул то Мария ва Лиза дар таърихи театри тоҷик мондагоранд. Азимова дар аввалин опера ва драмаҳои мусиқии тоҷик рақсҳои саҳнавӣ иҷро карда, сабку усули хоси хореографиро ба арсаи миллӣ ворид кард. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ӯ аз аввалин ҳунармандоне буд, ки техникаи балети аврупоиро бо унсурҳои рақси миллӣ омезиш дода, ба санъати тоҷик ранги тоза бахшид.
Ӯ солҳои зиёд дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият карда, нозукиҳои ҳунари рақсро ба наслҳои нав омӯзонидааст.
Азиза Азимова соли 1997 дар 82-солагӣ даргузашт.
Соли 1921 – Мавлуди Давлат Гадоев, арбоби давлатӣ, собиқ котиби Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1924 – Зодрӯзи Хушқадам Давлатқадамов, котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар Бадахшон.

Хушқадам Давлатқадамов аз шахсиятҳои бонуфузи давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро соли 1943 ҳамчун муаллими мактаби ҳафтсолаи Бартанг оғоз намуда, аз соли 1947 ба фаъолияти ҳизбӣ рӯ овардааст.
Солҳои 1960-1970 барои Давлатқадамов марҳилаи ҷиддии ташаккули сиёсӣ буд. Ӯ дар ин давра аз мудири Хонаи маорифи сиёсӣ то раиси Кумитаи иҷроияи ВМКБ расид.
Давлатқадамов соли 1970 котиби якуми Кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон дар Бадахшон таъйин шуд ва то соли 1978 ин вазифаро бар дӯш дошт. Солҳои 1978-1984 вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон буд.
Ӯ ҳамчунин вакили Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 8–9) ва вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд ва ҳамчун узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ташаккули сиёсатҳои давр саҳм дошт.
Бо рӯзгор ва корномаи Давлатқадамов дар ин матлаби “Азия-Плюс”, ки соле пеш ба муносибати 100-солагиаш таҳия шудааст, дар ин матлаб шинос шавед: “Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Соли 1930 – Зодрӯзи Фозил Абдураҳмонов, доктори улуми тиб.
Соли 1964 – Мавлуди Озод Маликов, коргардони тоҷик.

Ӯ хатмкардаи факултети театрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Мактаби коргардонии Амстердам буда, дар театр-коргоҳи “Нимҷазира”, “Тоҷикфилм”, телевизиони “Тоҷикистон” ва ташкилоти “Интернюс” фаъолият кардааст.
Ӯ дар аввали солҳои 2000-ум ҳамчун коргардон дар “Азия-Плюс” ҳам кор мекард.
Озод Маликов коргардон, наворбардор ва узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буда, ду ҳафта қабл, 22-юми ноябр дар синни 60 даргузашт.
Соли 1971 – Мавлуди Абдухолиқзода Лутфия, ректори пешини Донишкадаи идоракунии давлатӣ, ҳоло муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ризокорон (волонтиёрон) аст. Шурӯъ аз соли 1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5-уми декабр ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ризокорон таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон соли 2013 қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардида, инҷониб ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Ризокор шахсест, ки ихтиёран ва бемузд ба фаъолияти фоидаовар ба манфиати ҷомеа дар шакли кору хизматрасонӣ машғул мебошад.
Имрӯз ҳамчунин як ҷашни хеле ғайриодӣ - Рӯзи ниндзя таҷлил мешавад. Ниндзя ҷанговари махсуси Ҷопони қадим аст, ки дар корҳои пинҳонӣ, ҷосусӣ, тафтишоти махфӣ ва ҳамлаҳои ногаҳонӣ маҳорат дошт. Ин ҷашн соли 2003 аз ҷониби маъмурияти сомонаи "Ninja Burger" ҳамчун рӯзи махсус таъсис дода шуд, ки ҳама метавонанд худро чун ниндзя - устодони санъати ҳарбии бостонии Ҷопон тасаввур кунанд.

Ниндзяҳо одатан либоси сиёҳ мепӯшиданд ва барои иҷрои вазифаҳои ҳассос аз усулҳои махсус истифода мебурданд.
Ҳар сол 5-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии хок низ таҷлил мешавад, то аҳамияти захираҳои хок ва нақши онҳо дар ҳифзи экосистемаҳо ва беҳбудии зиндагии инсонро ба ҷомеаи ҷаҳон ёдрас кунад.
Ҳосилхезии замин яке аз омилҳои калидӣ дар зиндагии одамон аст. Бо назардошти ин, экологҳо таъкид мекунанд, ки тақрибан сеяки захираҳои хоки ҷаҳон дар марҳилаи таназзул қарор дорад ва қисми дигар ба биёбоншавӣ дучор шудааст.

Яке аз мушкили ҷиддии дигар ифлосшавии хок аст. Андозаи воқеии ин мушкил то кунун ба таври пурра маълум нест, зеро маълумоти ҷаҳонӣ дар ин самт нокифоя мебошад.
5 декабри соли 2003 дар қатораи масири Кисловодск – Минералные Води таркиши шадид рух дод. Ҳодиса дар ҳудуди шаҳри Ессентуки, 400 метр дуртар аз истгоҳи марказӣ ба амал омад. Қувваи таркиш чунон бузург буд, ки вагони дуюм ба ду қисм ҷудо шуда, ба паҳлӯ чаппа шуд. Даҳҳо нафар зери оташ ва харобаҳо монданд.
Дар натиҷаи ин амал 34 нафар дар ҷои ҳодиса ва 17 тани дигар дар беморхонаҳо ҷон бохта, 180 нафар ҷароҳатҳои гуногун гирифтанд. Аксари мусофирон донишҷӯёне буданд, ки субҳ ба донишгоҳҳои Пятигорск мерафтанд.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона -3+2º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм рӯзона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 4+6º гарм.




“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Ҷаримаи як кас барои фурӯши китобҳои мамнуи динӣ. Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки китоб аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?
Ғолибони озмуни “Фурӯғ...” маълум шуданд. Киҳо соҳиби “Шоҳҷоиза” ва 140 ҳазор сомонӣ гардиданд?
Бали баландтарин 496. Киҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳама бали баланд гирифтанд?
Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии машшотагӣ дар Русия
Қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ оғоз шуд. Киҳо метавонанд асар пешниҳод кунанд ва талабот чӣ гуна аст?
“Сари роҳи тобутро гирифт”. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мард барои даъво дар ҷанозаи ҳамдеҳааш
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 35
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста