Ҳамасола 3-юми декабр дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии маъюбон ё афроди имконияташон маҳдуд таҷлил мешавад. Он соли 1992 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳуқуқ, имкониятҳо ва мушкилоти шахсони дорои маъюбият ва беҳтар кардани шароити зиндагиву муносибати ҷомеа ба онҳо аст.

Дар Тоҷикистон ҳам дар ин рӯз чорабиниҳо баргузор ва аз вазъи шахсони дорои маъюбият гуфта мешавад.

 

“Ба хариди ҳамаи доруҳо намерасад”

Шудринги 26-сола аз шаҳри Турсунзода, аз кӯдакӣ ба бемории фалаҷи мағзи сар гирифтор аст. Ӯ маъюби гуруҳи 1 аст ва 450 сомонӣ нафақа барои маъюбӣ мегирад.

Ба гуфтаи Малика, модари Шудринг, бо ин пул наметавонад ҳатто ҳамаи доруҳои барои духтараш заруриро харад.

“Духтарам бояд ҳамеша, дар вақти муайяншуда доруҳояшро қабул кунад, вагарна сахт асабӣ мешавад. Рӯзе мешавад, ки худам гурусна мемонам, аммо ҳатман доруҳои духтарамро мегирам. Доруҳо гаронанд ва танҳо бо ин нафақа наметавон онҳоро харид”, - мегӯяд Малика.

Ӯ таъкид мекунад, ки “агар нафақаи духтараш ҳадди ақал 1000 сомонӣ мешуд, барояш як каме сабук мебуд”.

Муҳаммадҷон Холов, ҳунарманди 51-сола, ки маъюбият дорад ва бознишаста аст, низ вазъи хуб надорад.

Ӯ мегӯяд, 228 сомонӣ нафақа мегирад, ки ҳатто барои хӯроки якмоҳа намерасад.

“Намедонам, ба ин пул хӯрок харам, либос гирам ё пули иҷораи хонаро супорам”, - гуфт Муҳаммадҷон Холов.

Холов мегӯяд, барои пардохти пули иҷораи хонааш, ки 600 сомонӣ дар як моҳ аст, аз дӯстонаш кӯмак мепурсад, либосро аз дӯконҳои “дасти дуюм” мехарад.

“Агар нафақаам то 1500 сомонӣ баланд мешуд, бароям хеле сабукӣ меовард ва кумаки дӯстонро интизор намешудам”, - гуфт Холов.

 

Омори шахсони дорои маъюбият дар Тоҷикистон

Саъдулло Қудратуллозода, сардори раёсати таъину пардохти нафақа ва андӯхтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба “Азия Плюс” гуфт, ки ба ҳолати 1-уми ноябри соли равон дар кишвар 171 ҳазору 318 шахсонин дорои маъюбият сабт шудаанд ва нафақа мегиранд.

Бо таркиби сабтшудаи шахсонин дорои маъюбият дар кишвар дар инфографикаи зерин шинос шавед:

 


Нафақа чанд пул муқаррар шудааст?

Тибқи омори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2025 андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 469,16 сомонӣ аст.

- нафақаи меҳнатӣ - 585, 64 сомонӣ;

- суғуртавӣ - 469, 90 сомонӣ;

- иҷтимоӣ - 329,47 сомонӣ.

Ба гуфтаи Саъдулло Қудратуллозода, нафақа барои маъюбони гурӯҳи 1, 2 ва 3 аз ба тариқи зайл муайян шудааст:

- гурӯҳи 1 - 100% -и қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;

- гурӯҳи 2 - 85% -и фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;

- гурӯҳи 3 - 70% -и фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол.

Ба қавли Қудратуллозода, фарқияти гурӯҳҳои нафақаи маъюбӣ дар он аст, ки мутобиқи моддаи 39-и Қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” иловапулӣ ба гурӯҳҳои 1 ва 2 - маъюбони аз овони кӯдакӣ пешбинӣ шудааст. Ба гурӯҳҳои 2 ва 3 бошад, иловапулӣ муқаррар нашудааст.

 

Барои боло бардоштани нафақа чӣ бояд кард?

Саъдулло Қудратуллозода ба чораҳое, ки барои боло бурдани нафақа аз сӯйи ҳукумати кишвар андешида мешавад, ишора карда, таъкид мекунад, ки “аз соли 2021 инҷониб андозаи нафақа аз тарафи ҳукумат бозбинӣ шуда истодааст”. Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки дар кӯтоҳмуддат кадом чораи мушаххас андешида мешавад.

Иқтисодшиносон низ зарурати баланд бардоштани нафақаи маъюбонро таъкид мекунанд ва мегӯянд, он бояд ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар мувофиқат кунад.

“Ҳоло дар кишвар суръати таваррум аз афзоиши нафақахӯрон қафо монда истодааст. Бояд аз таҷрибаи давлатҳои дигар истофада кард, то нафақа ба сатҳи музди кор баробар шавад. Аз вазъи буҷаи давлатӣ низ вобастагӣ зиёд аст”, - гуфт Хоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Ба андешаи Умаров, хариди дору бо маблағи нафақа бояд вобастагӣ надошта шавад. Ӯ мегӯяд, ки аз ҷониби ҳукумат қарорҳои махсус қабул карда шавад, то маъюбон ба таври ройгон бо дору таъмин шаванд.

“Дар расонаҳо мебинем, ки эълонҳои кумакхоҳӣ барои хариди дору ё муолиҷаи маъюбон нашр мешаванд. Ин нишонаи мавҷуд будани мушкилот дар миёни ҷомеа аст”, - изҳор дошт Умаров.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.