Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми савдои мутақобиларо то 20 млрд доллар расонанд ва тамға (бренд)-и ягонаи Made in Central Asia таъсис диҳанд. Тавре ки Gazeta хабар медиҳад, ин масъалаҳо аз ҷумла мавриди баррасии иштирокчиёни ҷаласаи аввалини вазирони савдо ва сармоягузории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Тошканд қарор гирифт, ки рӯзи 13 ноябр баргузор шуд.

Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов пешниҳод намуд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ду баробар зиёд карда шавад.

«Имконоти гардиши молу маҳсулот мисли пешин бузург боқӣ мемонад, бахусус бо назардошти робита мутақобилаи иқтисодҳои мо ва афзоиши таваҷҷуҳи тиҷорат ба лоиҳаҳои муштарак. Дар ин замина мо таҳияи нақшаи амалҳои муштарак барои зиёд кардани савдои мутақобила то 20 млрд долларро пешниҳод мекунем», — гуфт ӯ дар суханронии худ.
Лазиз Қудратов
Акс аз Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон

Бино ба маълумоти ҷониби Ӯзбекистон, солҳои 2017–2024 ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои минтақа ду баробар афзуда, то 11 млрд доллар расидааст. Дар нақшаи пешниҳодшуда Қудратов «ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ҷорисозии мукотибаи электронии ҳуҷҷатҳо, эътирофи мутақобилаи санадҳои иҷозатдиҳӣ ва рушди низоми равзанаи ягона»-ро зарур медонад. Аз ҷумлаи иқдомҳои мушаххас феҳристи ягонаи электронии истеҳсолкунандагон ва ҳамгироии платформаҳои рақамии идораҳо ва палатаҳои савдо ва саноат зикр шуд.

«Ин ба тиҷорат ҷиҳати дарёфти мустақими таҳвилгарон ва харидорон имкон дода, хароҷоти транзаксионӣ ва вобастагӣ аз миёнаравҳоро коҳиш диҳад», — таъкид кард ӯ.

Ҳамчунин Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки соли 2026 дар Самарқанд форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор карда шавад, ки он минбаре барои пешниҳоди тамғаи минтақавии Made in Central Asia хоҳад шуд. Ба гуфтаи вазир, тамғаи ягона шинохтпазирии маҳсулотро дар бозорҳои хориҷӣ баланд мебардорад.

Вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Арман Шаккалиев даъват намуд, ки аз реҷаи «харидан - фурӯхтан» ба модели «сармоягузор — истеҳсолкунанда — фурӯш» гузаштан лозим аст.

«Барои такон бахшидан ба ин самт имзои барномаи рушди ҳамкории саноатӣ бо Ӯзбекистон ба нақша гирифта шуда, унсурҳои ҷудогонаи он метавонанд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон низ амалӣ шаванд», — зикр кард ӯ.

Қазоқистон низ аз таъсиси тамғаи ягона ҷонибдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки ин кор аз бунёди платформаҳои рақамӣ оғоз гардад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бештар ба масъалаи рақамисозӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ зикр кард, ки стартапи Zypl.ai-и Тоҷикистон, ки дар ҳалли қарорҳо дар соҳаи ҳуши маснӯӣ истифода мешавад, аллакай дар 15 кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ кор мекунад. Ба сифати боз як намунаи дигар ҷонибиТоҷикистон ширкати молиявии технологии Alif-ро мисол овард, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муваффақона дар ҳоли рушд аст ва дар як фурсати кӯтоҳ ба яке аз пешсафони бозори пардохтҳои рақамӣ ва хидматрасониҳои молиявии минтақа табдил ёфт.

«Ин намунаҳои барҷаста гувоҳи он аст, ки инноватсияҳо дар минтақаи мо метавонанд то сатҳи байнулмилалӣ расанд ва тамғаҳои баланди технологии худро ташаккул диҳанд», — зикр кард ӯ.
Завқӣ Завқизода
Акс аз Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон

Туркманистон, ба гуфтаи вазир Назар Агаханов, соддасозии тартибот ва рушди платформаҳои электрониро ҳамчун «қадамҳои калидӣ дар роҳ ба дастёбии ҳадафҳои умумӣ» мебинад ва барои иштирок дар гурӯҳи нави корӣ омодагии худро изҳор кард.

Сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Дуйшонкул Чотонов, ки дар ҷаласа кишварашро намояндагӣ мекард, таъкид намуд, ки Қирғизистон қолаби вохӯрии имрӯзаро ҳамчун платформаи сатҳи нав арзёбӣ мекунад, зеро якҷоя қарорҳое қабул карда мешаванд, «ки ояндаи иқтисодҳои мо ва некӯаҳволии мардумони моро муайян мекунанд».

Муовини аввали вазири иқтисоди Озарбойҷон Элнур Алиев дар навбати худ хабар дод, ки гардиши молу маҳсулоти кишвар бо давлатҳои минтақа дар давоми 9 моҳ 58% афзуда, зиёда аз 1 млрд долларро ташкил дод. Ӯ зарурати рушди зерсохтори нақлиётиро барои тиҷорат зикр кард.

«Дар тамоми ин масир марказҳои сармоягузориву логистикӣ муваффақона дар ҳоли рушданд, ки ин дар навбати худ таъсиси корхонаҳои муштаракро ҳавасманд месозад», — изҳор дошт Алиев.

Вохӯрӣ бо имзои баёнияи муштарак анҷом ёфт, ки дар он иштирокчиён нияти амиқ кардану густариш додани ҳамкории иқтисодӣ, рушди саноат ва истеҳсолоти муштарак, инчунин бунёди воситаҳои навро барои фаъолияти сармоягузорӣ сабт карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.