Агентии омори назди Президенти ҶТ натиҷаҳои пажӯҳиши таҷрибавии баҳодиҳии гуногунии таркиби ғизои занонро, ки дар чаҳорчӯбаи тадқиқоти буҷаи хонавода моҳи июни соли 2014 дар вилояти Хатлон гузаронида шуд, муаррифӣ кард.

Тоҷикистон пажӯҳиши мизони буҷаи хонаводаро дар сатҳи миллӣ мунтазам анҷом медиҳад, аммо то кунун ба ин тадқиқот бахши ғизо на дар сатҳи инфиродӣ ва на дар сатҳи хонавода шомил набуд. Ба Агентии омор дар гузаронидани пурсиш Созмони ғизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид кӯмак кардааст.

Тадқиқоти арзёбии гуногунии таркиби ғизои занон дар миёни аҳолии 4 минтақаи шаҳрнишин ва 11 рустои вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар маҷмӯъ фарогири 331 нафар занони синну соли миёнаашон 34,5 будааст.


Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти ҶТ дар суҳбат бо мо афзуд: «Барои пурсиш занҳои синну соли қобили таваллуд, ки мувофиқи меъёрҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт 15-42-солагӣ муайян шудааст, интихоб гардиданд. Аз онҳо пурсида шуд, ки дар давоми як шабонарӯз (24 соат) чӣ гуна хӯрокро истеъмол мекунанд ва таркиби ғизои онҳо аз кадом намуди маҳсулот иборат аст».

Ба иттилои Абдувалӣ Қулов, пажӯҳиши қаблӣ нишон дод, ки наздики 12%-и занҳои дорои қобилияти таваллуд дар Тоҷикистон аз ғизо танқисӣ мекашанд. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи пажӯҳиши ба тозагӣ гузаронидаи онҳо нигаронкунанда аст. Бино ба тадқиқоти буҷаи хонаводаҳо, ки аз тарафи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуда буд, 35,6%-и аҳолии кишвар камбизоат ба шумор мераванд. Дар соли 2003 ин нишондиҳанда 72 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод.

Натиҷаи тадқиқоте, ки Агентии омори назди Президенти ЧТ дар ин замина солҳои 2013-2014 анҷом дод, нишон медиҳад, ки 14%-и аҳолии кишвар аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд. Масъулин ин ҳолатро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Нишондоди аз ҳама баландтарини камбуди озуқаворӣ дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.


Тарки одат - амри зарур

Пас аз омӯзиши натиҷаи тадқиқот, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба хулосае расиданд, ки барои таъмини солимии ҷомеа ва ба дунё овардани фарзандони солим, мардуми моро зарур аст, то баъзе одатҳоро тарк кунанд. Зеро тавре омӯзишҳо нишон медиҳанд, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аҳолиаш маводи озуқаи гандумиро беш аз меъёр истеъмол мекунад.


Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ мегӯяд: «Ба мо зарур аст, то одатеро, ки аз замонҳои қадим ба мо ба мерос мондааст, тарк созем, яъне истеъмоли ғизои гуногун дар хонавода бояд тарғибу ташвиқ карда шавад. Баъзе анвои ғизоҳое ҳастанд, ки мо онҳоро аз меъёр зиёд истифода мекунем. Масалан, маҳсулоти нонӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо зиёд истеъмол карда мешавад. Аз меваю сабзавот, ки дар кишвари мо хеле зиёд буда, намудҳои гуногуни он вуҷуд дорад, мо баръакс дар бисёр маврид кам истифода мекунем. Ин дар ҳолест, ки ҳар як одам дар як шабонарӯз бояд на камтар аз 200 грамм меваю сабзавот истеъмол кунад. Мо бояд реҷаи истеъмоли хӯроку гуногунии онро дар оилаҳо тағйир диҳем ва аз одатҳои куҳан даст кашем».

Истеъмоли ғизои якранг на танҳо ба саломатии занон, балки ба кӯдакони навзод низ таъсири манфӣ доштааст. Тадқиқоти қаблан анҷомдодаи Вазорати тандурустӣ аз он дарак медиҳад, ки қисми зиёди кӯдакон дар маҳалҳои алоҳидаи кишвар, хусусан, дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз камйодӣ ва камхунӣ азият мекашанд. Нарасидани йод дар бадан ва камхунӣ ба инкишофи сусти майнаи сар ва камвазнию қадпастии кӯдак сабаб мешудааст.


Тамоюли афзоиши фарбеҳшавии занон

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар вазни аз меъёр зиёди занони қобили таваллудро аз мушкилоти ҷиддии дигар арзёбӣ мекунанд. Зеро фарбеҳии модарон ба саломатии кӯдакони онҳо низ таъсири манфӣ мерасонидааст. Натиҷаи тадқиқоти солҳои 2009 ва 2012-и Вазорати тандурустӣ нишон додааст, ки 8,8%-и занони қобили таваллуд дар ҷумҳурӣ вазни аз меъёр зиёд доранд. Фарбеҳии занони қобили таваллуд дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бештар ба мушоҳида расидааст. Мувофиқи натиҷаи тадқиқот, дар шаҳри Душанбе вазни 42,8%-и занҳои қобили таваллуд аз меъёр зиёд мебошад. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин ҳолат ба саломатии зан хеле зиёновар аст. Ба гуфтаи ӯ, фарбеҳӣ махсусан занҳои ҳомиларо ҳангоми таваллуд ба бисёр оризаҳо дучор месозад. Омили фарбеҳшавии занҳои қобили таваллуд низ истеъмоли ғизои якранг, хосса истеъмоли зиёди нону маҳсулоти гандумӣ арзёбӣ мегардад.

Ба қавли масъулон, Тоҷикистон кишварест, ки дар он маҳсулоти зиёди кишоварзӣ истеҳсол мегардад ва дар сурати истифодаи дурусти он имкон аст, то мушкилиҳои мавҷуда бартараф шаванд.

Дастандаркорони тадқиқот аз рӯйи натиҷаҳои пурсиш вилояти Хатлонро камбизоаттарин минтақа арзёбӣ карданд. Акнун барои омӯзиши комили ҳолати ғизои занони қобили таваллуд масъулон нақша доранд, ки дар сурати дастгирӣ ёфтани тарҳашон ин гуна пажӯҳишро дар сатҳи миллӣ анҷом диҳанд.