Мавҷудияти 2 осоишгоҳ дар ин деҳаи баландкӯҳи ноҳияи Варзоб дарёфти шуғли муносибро ба мардуми маҳаллӣ осон карда, онҳоро аз саргардонию озори мардикорӣ дар кишварҳои дигар раҳонидааст.


Деҳаи Хоҷа Оби Гарм дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аҳолияш наздик ба 1000 нафар аст. Беш аз 80 дарсади мардуми таҳҷоӣ дар осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб» кор мекунанд. «Фақат 10-15 ҳамдеҳаи мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрҳои Русия рафтаанд», - иброз дошт раиси кумитаи маҳалла Теша Ёров.

Дар ҳоле ки муҳоҷират имрӯз мушкили умдаи хонаводаҳои тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад, мавҷудияти ин осоишгоҳҳо барои аҳолӣ манбаи асосии ҷойи кор ва даромади нисбатан хуб гардидааст.

Ба иттилои масъулин, айни замон дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» 102 нафар ва дар «Сароб» 30 тан аз деҳотиён машғул ба корҳои гуногунанд. Мардуми маҳаллӣ низ мегӯянд, ки ҳадди ақал нафаре аз ҳар оила дар яке аз ин ду муассиса фаъолият мекунад.


Шуғли сокинони дигари ин мавзеъ кишоварзию чорводорӣ ва занбӯрпарварию тиҷорат буда, рӯзгорашон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти гуногун ба сайёҳону дармонгирандагон пеш меравад. Теъдоде аз мардони деҳа машғули ронандагӣ буда, меҳмононро ба Хоҷа Оби Гарм овардаву бозпас мебаранд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои даромадашон мебошад.

Ҳамасола таваҷҷуҳи сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеъ меафзояд. Мавҷудияти неъматҳои табиӣ - оби муолиҷавии радонӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш ҳамроҳ бо меҳмондӯстии тоҷикона ва кордонию ширинзабонии мардуми таҳҷоӣ, ки хизматрасонии босифатро асоси некӯаҳволии худ медонанд, омилҳои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони ватанию бурунмарзӣ гардидааст.


Ба ин тариқ, осоишгоҳҳои деҳаи Хоҷа Оби Гарми ноҳияи Варзоб барои пешбурди рӯзгори сокинони маҳаллӣ нақши муҳим доранд. Ин нукта бозгӯйи он аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад заминаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани натанҳо аҳолии ин деҳаи зебоманзар, балки дигар мавзеъҳои ҷолибу дилкаш ва шифобахши Тоҷикистон гардад.