Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳороти охири Гулбиддин Ҳикматёр, як сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистонро нишони заифии ӯ маънидод кард ва гуфт, ҳарфҳои ӯро набояд ҷиддӣ гирифт.
Ӯ дар поёни ҳамоише дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Гулбиддин Ҳиматёрро як фарди шикастхӯрда ва маризи қудрат унвон кард.
- Так-таки мардуми Афғонистон ӯро мешиносанд. Ӯ маризи қудрат аст. То дирӯз аз афкори толибонӣ ҳимоят мекард, баъд дар паҳлӯи Қаҳрамони миллии Афғонистон (Аҳмадшоҳ Масъуд дар назар аст-муаллиф) ба унвони садри аъзам омад. Вақте, ки Кобулро тарк кардем, бо мо Тахор омад, аз Тахор дар Бағлон ва баъд ба Эрон рафт. Вақте як инсони ғайримасъул роҷеъ ба як кишвар қазоват мекунад, заифии ӯро нишон медиҳад, -гуфт Зоҳири Ағбар.
Ба таъкиди номбурда, мардум ва роҳбарияти Тоҷикистон Ҳикматёрро ба тамоми маъно мешиносанд ва суханони ӯро ҷиддӣ намегиранд.
Вай афзуд, ки “ҳамин Ҳикматёр буд, ки то дирӯз, фатвои ҷиҳода дар баробари амрикоиҳо медод, ба амрикоиҳо таслим шуд, ҳоло омада, як фатвои дигарро унвон мекунад. Сари иддаоҳои ӯ ҳеҷ тафсира накунед”.
Сафири Афғонистон мегӯяд аз сабаби он ки ӯ дигар ҳеҷ василае ба хотири матраҳ шудан надорад, чунин иддаоҳоро пахш мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми май дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ ва ҷой додани роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар хоки худ интиқод кард. Ӯ Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро мухолифини мусаллаҳи давлат ном бурд.
Вай гуфт, ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсояааш ҷанг эълон кардааст.
Ҳикматёр ҳамчунин, Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кардаст, ки ба ихтиёри мухолифини ҳукумати Толибон пойгоҳҳо гузоштааст, то онҳо омӯзиш гирифта, мусаллаҳ шаванд.
Ин изҳороти Ҳикматёр дар ҳолест, ки то кунун ҳеч гоҳе аз раҳбарони ин ҷабҳа, на Аҳмади Масъуд ва дигар чеҳраҳои он, аз ҷумла Амрулло Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ нагуфтаанд, ки дар Тоҷикистон қарор доранд.
Бархе коршиносони тоҷик мегӯянд, Гулбиддин Ҳикматёр сухангӯи ғайрирасмии ҳукумати “Толибон” аст ва ӯ ин суханонро на аз пеши худ, балки бо мувофиқа бо роҳбарияти имрӯзаи Афғонистон гуфтааст. Аз ин зовия онҳо таъкид мекунанд, ки изҳороти ӯ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.
Нархи “солярка” дар Душанбе якбора боло рафт. Бори навбатӣ
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Дар Русия ба муҳоҷирон истифодаи бепул аз хидматрасониҳои тиббӣ иҷоза мешавад
Cохтмонҳо дар Душанбе ба тартиб дароварда мешаванд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон санҷишҳои ташхиси COVID-19-ро дар марз ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад
«Моро фаромӯш накунед»: Паёми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дӯстон аз боздоштгоҳи тафтишотӣ
Панҷ мушак ба қаламрави Ӯзбекистон афтодааст, эҳтимол аз Афғонистон
Содироти тарбуз аз Ӯзбекистон бамаротиб аз рекорди солҳои пешин зиёдтар аст
Путин ва Эрдуғон ҳам аз иқдомоти Мирзиёев ҳимоят карданд
Толибон содироти молро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тариқи Ӯзбекистон роҳандозӣ карданианд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста