Дирӯз, 20-уми июн, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон вохӯрии судманд баргузор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.
Ба иттилои манбаъ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва генерал-майор Сайид Маҷид Мираҳмадӣ дар ҳайати гуруҳҳои корӣ созишномаҳои қаблан миёни вазоратҳои ду кишвар баимзорасидаро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилот мавриди баррасӣ қарор додаанд. Таъкид шудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Ба гузориши хабаргузории IRNA, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон барои ширкат дар нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки амниятии Эрон ва Тоҷикистон ба Душанбе омада буд.
“Саидмаҷиди Мираҳмадӣ амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон дониста, омодагии Эронро барои ҳар навъ кӯмаке дар ин замина баён ва изҳори умедворӣ кардааст”, - хабар медиҳад IRNA.
Гуфта мешавад, Мираҳмадӣ бо ишора ба муштаракоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон таҳсили сафар ва тараддуди шаҳрвандони ду кишварро барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ омили муҳиме барои тавсеъаи ду кишвар дониста, хостори эҳтимоми ду тараф барои фароҳам кардани шароити лағви раводид байни ду кишвар шудааст.
Зикр мешавад, ки Рамазон Раҳимзода низ дар ин дидор ба талош барои иҷро шудани тавофуқҳои байни ду тараф таъкид кардааст.
Ӯ ташкили гуруҳи кории муштараки амниятиро мӯҷиби тақвият ва иҷро шудани тамоилоти мақомоти олии ду кишвар ва тавофуқҳои имзошудаи қаблӣ дониста, омодагии Тоҷикистон ва ВКД-ро барои тавсеъаи робитаҳо дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводди мухаддир эълом кардааст.
Вазири ВКД Тоҷикистон бартараф шудани таҳдидҳои минтақаӣ ва терроризмро дар сояи ҳамкории наздиктари ду кишвар унвон карда хостори иҷро шудани тавофуқҳои сарони ду кишвар дар дидорҳои ахири онҳо шудааст.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста