Тавре каблан зикр кардам, дар қисми аввали ёддошт оид ба ангезаи сафар ба Арманистон, тарзи дурусти пешниҳоди дархост, ҳузур ба Фурудгоҳи Душанбеву таҳайюр аз рафтори як корманди он ва фуруд дар Фурудгои Олмотиву ҳайрати бештар аз рафтори кормандони он сухан мерафт.

Дар бахши дуюми ёддошти сафари худ ба Арманистон, оид ба шароити муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон, таассуроти аввалин оид ба шаҳри Истанбули Туркия, сайри маконҳои дидании шаҳр ва ҳаёти шабонаву таҳаммулпазии ҷомеаи он нақл карда будам.

Инак, пас аз се рӯзи таваққуф дар Истанбул, аз фурудгоҳи ба номи Отатурк ба шаҳри Ирвони Арманистон парвоз кардам.

Муҳоҷирони корӣ дар Туркия

Ҳангоми ворид шудан ба ҳавопаймо шоҳиди муносибати то ҷойе тунди як мусофир бо меҳмондор (стюардеса) шудам. Як марди зоҳиран арманитабори тақрибан 35-сола баробари ворид шудан ба ҳавопаймо бо забони арманӣ ва баланд бо меҳмондорҳо баҳс мекард. Мард мехост дар паҳлӯи як дӯсташ шинад, ки он ҷойи каси дигар буд ва ӯ дар навбати худ, ҷояшро иваз кардан намехост. Мард танҳо баъди дахолати кормандони амниятии ҳавопаймо ором шуда, ба ҷои худаш нишаст. Ин ҳодиса сабаб гардид, ки мо ҳудуди 20 дақиқа аз вақти муайяншуда дертар парвоз кунем.

Дар паҳлӯи ман зани тақрибан 50-солаи арманӣ менишаст. Ӯ, ки ба гуфтааш ҳамшираи шафқат аст, баъди беш аз 20 соли кор дар Туркия ба Арманистон баргашта, ният дорад, ки дар кишвари худ корашро идома диҳад. Ӯ нақл кард, ки сабаби аз Туркия рафтанаш маош аст, ки барои хориҷӣ буданаш сол аз сол кам карданд.

Баъди суҳбати кӯтоҳе бо ин зан хоби ман бурд ва вақте будор шудам, аллакай дар болои куҳҳои Арманистон парвоз мекардем ва оҳиста-оҳиста заминҳои ҳамвори ин кишвар намоён мешуд.


Бо поин шудан аз ҳавопаймо чашмам ба ҷавони тақрибан 25-солае афтод, ки чеҳраи тоҷикӣ ва дар даст шиносномаи хориҷии рангаш хокистарии Тоҷикистонро дошт. Пас аз сӯҳбат маълум гардид, ки воқеан тоҷик будааст. Аз ӯ ҳадафи сафарашро пурсидам. Гуфт, ки ҳудуди се моҳ боз дар яке аз тарабхонаҳои Туркия кор мекунад ва тибқи қавонони ин кишвар, ҳар се моҳ бояд сарҳади онро дубора убур ва ҳуҷҷатҳои кориашро дуруст кунад.

Ин ҷавон нақл кард, ки тавассути яке аз дӯстонаш дар ин кишвар кор пайдо кардааст ва муносибати аҳолии Истанбул ва полиси шаҳр бо онҳо хуб аст. Аз суҳбат бо ин ҷавон маълум гардид, ки солҳои охир тоҷикони зиёд барои кор ба Туркия мераванд.

“Хуш омадед, ба Арманистон”

Дар гузаргоҳи марзии Арманистон ҳудуди 15 дақиқа пурсупос карданд. Саволи аввал ин буд, ки оё наздикони ман, махсусан падару модарам бо Озарбойҷон рабте доранд ё не. Баъди посухи рад шунидан, оид ба ҳадафи сафар, ҷойи зист низ пурсиданд ва баъди посух гирифтан, духтари хушандоме бо забони русӣ  “Хуш омадед, ба Арманистон” гуфта, бароям иҷозаи вуруд дод.

Бояд гуфт, ки сафари ман ба як давраи бисёр ҳассоси муносибати Арманистон ва Озорбойҷон рост омад. Дар ҳамон шабу рӯз муносибати ду кишвар дар робита ба қазияи Қаробоғ (дар Арманистон онро Артсах меноманд) печидатар мешуд ва саволҳои зиёди ба ман додашуда ба ному насаби ман робита дошт. Бовар дорам, агар дар шиносномаам муҳри вуруду хуруҷи Озорбойҷон мебуд, вуруд ба Арманистон мушкил мешуд.

Фурудгоҳи Ирвон ба фурудгоҳи Душанбе монандӣ дорад. Он ҳам дуошёна ва нисбатан хурд аст. Ошёнаи аввал барои қабули фурудомадаҳо ва ошёнаи дуввум барои парвозкунандаҳо аст. Фарқ ин аст, ки ошёнаҳо аз якдигар ба таври алоҳида ҷойгиранд ва мошинҳо мусофиронро пеши дари он мебаранд.

Нафаре, ки ба пешвозам баромада буд, зуд маро пайдо кард. Ӯ шахси хушсухан ва самимӣ буд. Давоми 20 дақиқае, ки тавассути мошин ба хона меомадем, онҳо аз ман дар бораи Тоҷикистон мепурсиданд. Ман ҳам кӯшиш мекардам, ба суолҳояшон посух диҳам ва ҳамоно саволҳои онҳоро ба худашон медодам ва дар бораи Арманистон, махсусан Ирвон маълумот мегирифтам.


Оғози гирдиҳамоиҳо дар Ирвон

Тавре иишора шуд, сафари ман ба як давраи бисёр ҳасос барои Аарманистон иттифоқ афтод. Рӯзи дуюми сафарам Озорбойҷон ғайричашмдошт дар Қарабоғ “амалиёти зидитеррористӣ” (арманиҳо онро “таҷовузи низомӣ” мегӯянд) оғоз кард. Ин сабаб шуд, ки бегоҳии ҳамон рӯз сокинони Ирвон ба кӯчаҳои шаҳр рехтанд ва дар назди бинои ҳукумати кишвар гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон ин амали Озорбойҷонро маҳкум ва аз ҳукумат талаб мекарданд, ки Қарабоғро чун кишвар эътироф ва аз аҳолии он ҳимоят кунад.

Ҳамчунин, рӯзе, ки ман ба ин кишвар омадам, интихоботи шаҳрдори Ирвон буд. Дар ҳамин интихобот чанд ҳизби мухолиф ҳам ширкат доштанд ва онҳо бо истифода аз ин гирдиҳамоӣ худро барандаи интихобот ва намояндаи ҳизби ҳокимро, ки то ин дам шаҳрдори Ирвон буд, танқид мекарданд.

Аҳолии Ирвон дар бораи Қаробоғ (Артсах) бисёр бо ҳасрат суҳбат мекунанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки Озорбойҷон ин ҷуғрофиё ва минтақаҳои дигари Арманистонро зӯран аз онҳо гирифта, аҳолии онро ҳамеша зери зулм қарор медоданд. Арманиҳо ба он боваранд, ки ҳаммилатони онҳо дар тӯли таърих аз ҷониби миллатҳои гуногун, ба вижа туркҳо таҷовуз шуданду ин то ба ҳол идома дорад.


Ба андешаи сокинони Ирвон, Озорбойҷон бо пуштибонии Туркия заминҳои зиёди Арманистонро зӯран аз худ кард ва то онҳоро барнагардонад, сулҳ бо Боку имкон надорад. Онҳо дар чеҳраи Озорбойҷон ва Туркия душманро мебинанд ва ҳамеша аз наслкушӣ ҳарф мезананд.

Хабари таслим шудани Қаробоғ (Артсах) барои аҳолии Ирвон, аз ҷумла онҳое, ки мизбони ман буданд, ғайричашмдошт буд. Онҳо ин хабарро бисёр бо дард қабул карданд ва барои ин сарвазири кишварашон ва нерӯҳои посдори сулҳи Русияро гунаҳкор медонанд.

Баъди ба дасти Озорбойҷон гузаштани Қаробоғ (Артсах) қабули арманиҳои ин минтақа ба Арманистон, махсусан Ирвон оғоз гардид. Онҳо хонаҳои худро гузошта, ба Ирвон меомаданд. Аҳолии шаҳр ҳам кӯшиш мекарданд ба онҳо кӯмак кунанд ва дар баъзе ҳолат оилаҳоро ройгон дар хонаҳои худ барои вақти номуайян ҷой медоданд.

Рӯзе ҳамроҳи рӯзноманигорон ба хонаи зане рафтем, ки дар ҳавлии худ се оиларо қабул карда, ҳудуди 20 нафар мисли як оила зиндагӣ мекарданд.

Меҳр ва суд

Дар маҷмӯъ, аҳолии Ирвон ҳаммиллатони худро хуб қабул карда, барояшон кӯмак карданд. Дар ин вақт, чанд нуқтаи қабули ғизову либос низ ташкил карданд.

Вале дар баробари ин, нафароне низ пайдо шуданд, ки аз фурсат истифода карда, манфиати молӣ ҷустанд. Аз ҷумла, дар ин давра нархи иҷораи хона дар Ирвон ҳудудан 15-20 дарсад ва нархи хӯрока ҳудуди 10 дарсад гарон шуд.

Хулоса, ин як давраи бисёр ҳасос барои аҳолии Арманистон, махсусан фирориёни Қаробоғ (Артсах) ва Ирвон буд, ки бо дард паси сар карданд. Ҳоло вазъ нисбатан ором шудааст. Ҳукумати Арманистон барои кӯмак ба фирориёни Қаробоғ (Артсах) маблағҳои муайян ихтисос ва чанд сабукиҳо ҳам дод.

Чунин ба назар мерасад, ки баъди ба дасти Озорбойҷон гузаштани Қаробоғ (Артсах) баҳс ё муносибати ду кишвар боз печидатар мешавад. Ба фикри ман, солҳои наздик мо шоҳиди сулҳи ду кишвар намешавем. Яке аз рафиқони арманӣ бо шухӣ гуфт, ки “пагоҳ мо намедонем, ки Озорбойҷон боз кадом порчаи заминамонро мегирад”.

Давом дорад

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.