Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина дар Душанбе қарор дошт.
Зимни боздид аз Тоҷикистон ҳайати вакилони Русия дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҳамчунин бо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид карданд.
Дар вохӯрии мазкур варзишгари маъруфи рус изҳор кард, ки барои рушди бештар босуръати варзиш мебояд баргузории мусобиқоти спартакиадаҳои замони шӯравиро эҳё намуд.
Ӯ итминон дод, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба рушди варзиши кӯдакона дар кишварҳои пасошӯравӣ мусоидат хоҳад намуд. «Дар солҳои нахусти баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳаи варзиш начандон таваҷҷуҳе зоҳир мегардид, зеро он хароҷоти зиёдеро тақозо мекард, вале мо аз ҳам дур нашудаем. Дар тамоми мусобиқот мо мудом мухлисони ҳамдигарем», - иброз дошт Ирина Роднина.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста