Дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Галл (Олмон) варзишгари тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 80,71 метр афканда, соҳиби медали тило ва ба рекорди нави шахсии худ ноил гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Евгений Шумарин хабар дод, дар силсилаи ҷаҳонии мусобиқоти варзиши сабук имрӯз ин натиҷа беҳтарин маҳсуб меёбад. Барои расидан ба ин натиҷа Дилшод Назаров панҷ маротиба гурз афканд.
Дар ин мусобиқа зинаи дуюмро бо натиҷаи 77,86 метр гурзафкани олмонӣ Маркус Эссер ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 77,07 метр варзишгари рус Сергей Литвинов ишғол карданд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми май дар мусобиқоти Даъвати ҷаҳонӣ дар Бразилия низ Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,49 метр партофта, медали тило ба даст овард. Рӯзи 5-уми май дар Ҷопон бо натиҷаи 77,61 метр ӯ мақоми дуюмро касб намуд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста