Чанде қабл дар Кохи Эгмонти шаҳри Брюссел сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар ҷаласаи нахустин бахшида ба гузаронидани бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ширкат варзид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс раисӣ намуд. Гуфта мешавад, мақсад аз ҷаласа муҳокимаи тадорукоти гузаронидани бозиҳои тобистонаи олимпии махсуси Аврупо барои шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Белгия 9-20 сентябри соли 2014 ба ҳисоб мерафт.
Зимни иҷлос эълон гардид, ки дар чорабиниҳои варзишии номбаргардида намояндагони 58 кишвари дунё дар мусобиқаҳо аз рӯи 10 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.
Ҳайати Тоҷикистон 15 нафарро дар бар мегирад ва тамоми хароҷоти иштироки варзишгарони Тоҷикистонро ҷониби Ҳукумати Белгия пардохт хоҳад намуд.
Дар рафти суҳбат сафири Тоҷикистон Р.Солиев ба Дидие Рейндерс ва роҳбарияти Кумитаи тадорукоти бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 барои даъвати ҳайати Тоҷикистон ва дастгирии иштироки варзишгарон миннатдорӣ баён кард.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста