Ахири ҳафтаи сипаришуда чор бозии даври 19-уми мусобиқоти футболи Лигаи олии мамлакат доир гардиданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии марказии давр футболбозони дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд. Пешсафи дигари мусобиқот – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозиаш дар меҳмонӣ бо тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)-ро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дод.
Дар вохӯриҳои дигари давр дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бар дастаи «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва тими КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Истаравшан» (Истаравшан) бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 дастболо шуданд.
Айни замон нишонзанҳои беҳтарини чемпионат Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб мебошанд.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста