Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон имрӯз таҳти раҳбарии сармураббӣ Дамир Камалетдинов ҷиҳати иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Чемпионати Осиё-2014 ба Ветнам раҳсипор мешавад. Ин мусобиқот аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини ин кишвар баргузор мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 19 нафар нахуст ба шаҳри Алмаато парвоз намуда, сипас ба Ҳошимин мераванд.
Ба ҳайати мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: дарвозабонҳо – Миралӣ Шарифов, Мурод Алиқулов ва Шӯҳрат Бибудов, бозигарон – Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамедбобоев, Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров, Алишер Улмасов, Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров, Арсен Фаронбеков, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов ва Далер Ақназаров.
Бозии аввали дастаи Тоҷикистон бо тими Қувайт рӯзи 30 юми апрел доир гардида, сипас мунтахаби ҷумҳурӣ санаи 2-юми май бо тими мизбон – дастаи Ветнам ва рӯзи 4-уми май бо дастаи Ироқ қувваозмоӣ мекунад.
Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ – чорякниҳоӣ, мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» - Эрон, Австралия, Чин ва Индонезия рақобат мекунад.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста