Нимаи дуюми имрӯз дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишии Тоҷикистон ба Бозихои XVII осиёӣ ба Инчон (Ҷумҳурии Корея) баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар маросим ҳайати Тоҷикистон ба ин бозиҳо ва сарулибоси варзишии намояндагони кишвар муаррифӣ мешавад.
Дар маросими мазкур иштирок ва суханронии ҳидояткунандаи раиси Кумитаи ҷавонон, вразиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Аҳтам Рустам Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев ва ду карат дорандаи ҷоизаи Бозиҳои осиёӣ Исмоил Иисроилов дар назар аст.
Ҳамчунин баргузории маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ, аксбардории хотиравӣ ва суҳбат бо намояндагони васоити ахбори умум низ ба нақша гирифта шудааст.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 22
Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2026
Терминали куҳнаи фурудгоҳи Душанбе тахриб ва ба ҷои он терминали нав сохта мешавад
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун”-ро зиёд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2026
Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод
Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”
Аз “Нони шарикӣ” то “Чароғафрӯзон”. Кадом асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 2026 пешбарӣ шуданд?
Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиде дар Покистонро маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста