Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Голи ягонаро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90+2 зад.
Тавре Кумитаи миллии олимии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими Фаластин аз мунтахаби Сингапур бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд. Аммо бо ин вуҷуд тими Фаластин бо 6 имтиёз дар мақоми аввал монд. Тоҷикистон низ баъди пирӯзӣ бар Умон соҳиби 6 имтиёз шуд, вале футболбозони тоҷик аз нигоҳи таносуби тӯбҳо аз тими Фаластин ақиб мемонанд ва ҳам рақобати байни ин ду тим низ рӯзи 17 сентябр ба фоидаи фаластиниҳо анҷом ёфта буд.
Гуфта мешавад, Сингапур бо вуҷуди пирӯзӣ дар даври сеюм бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм монд ва аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд. Тими Умон, ки дар 3 бозӣ ҳамагӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар гурӯҳи «С» ҷои охиринро гирифт ва низ ба хона бармегардад.
Қобили зикр аст, ки рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8 финал ғолиби гурӯҳи «D» -мунтахаби Ироқ - мебошад. Ин бозӣ 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Хвасон»-и шаҳри Хвасон соати 12.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, мунтахаби Ироқ дар сабқати гурӯҳӣ бар тимҳои Непал (4:0), Ҷопон (3:1) ва Кувайт (3:0) пирӯз шудааст.




“Ситораи дар ҳоли тулуъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 22
Зимистони гарм дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2026
Терминали куҳнаи фурудгоҳи Душанбе тахриб ва ба ҷои он терминали нав сохта мешавад
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилӣ маблағгузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун”-ро зиёд мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2026
Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод
Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”
Аз “Нони шарикӣ” то “Чароғафрӯзон”. Кадом асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 2026 пешбарӣ шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста