Сармураббии собиқи мунтахаби миллии Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми худ барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), даъвати ӯ ба ин бошгоҳ баъди ба вазифаи сармураббии «Ордабаси» таъин шудани Бахтиёр Байсеитов сурат гирифтааст, ки чанд рӯзи пеш дар ин симат Виктор Кумиковро иваз карда буд. Айни замон “Ордабаси” дар чемпионати Қазоқистон дар зинаи панҷуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад ва расонаҳои он кишвар мегӯянд, раҳбарияти бошгоҳ дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки бояд ба Ҷоми Аврупо роҳ ёбанд.
Гуфта мешавад, Мӯҳсин Муҳаммадиев ду сол қабл мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазовичро дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз карда буд. Вай соли 2008 дар вазифаи мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон фаъолият кардаст. Бо бошгоҳи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013 қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012 ин қарордод пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.
Зикр мегардад, ки Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми асри гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Маҳаммадиев аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.
Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) — 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони чемпиони Русия мушарраф гаштааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 — 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста