Санаи баргузории бозиҳои нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян карда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо истинод ба менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов, бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2015 миёни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАЗ» рӯзи 20 сентябр дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ рӯзи 1 октябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, вохӯриҳои даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2015 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзҳои 22 ва 25 сентябр нахуст дар Варзишгоҳи марказии пойтахт ва бозии ҷавобӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад.