Дар даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз бозии ин давр дастаи КМВА «Помир» бо касби 20 имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, аз дастаи «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) се имтиёз камтар дорад. Қоибили зикр аст, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» як бозӣ камтар гузаронидааст.

Як рӯз пештар, санаи 26 сентябр ду бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон баргузор  шуд. Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Дар дербии суғдӣ миёни “Далерон-Уротеппа-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи хуҷандиҳо ғалаба ба даст овард.

Ёдрас мекунем, ки боз ду бозии дигари даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» - «Вахш» (Қурғонтеппа) ба вақти дигар мавқуф гузошта шуданд.