Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон - дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 28 сентябр ба Кувайт раҳсипор шуд. Дар ин кишвар футболбозони тоҷик дар вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 бо ғолиби секаратаи ин мусобиқа - дастаи «Кувайт» (Кувайт)-и бозӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», ситоди мураббиёни бошгоҳи Тоҷикистон ба ҳайати даста 16 нафар бозигаронро шомил сохтааст, ки ба ин вохӯрӣ омодагӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии аввали даври нимфиналии Ҷоми КФО-2015 миёни дастаҳои Кувайт» - «Истиқлол» рӯзи 30 сентябр дар варзишгоҳи Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:20 ба вақти Душанбе аст.  

Ҳайати дастаи «Истиқлол» барои бозӣ бо тими «Кувайт»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов;

Нимҳимоятгарон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарипов,  Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.