Соли панҷум аст, ки пайдарпай дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам рақобат мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 1 октябр дар бозии ҷавобии даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ дастаи КМВА «Помир»-ро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дода, ба бозии финалӣ роҳ ёфт. Вохӯрии ин дастаҳо дар бозии аввал мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфта буд.

Қобили зикр аст, ки дар бозии дигари даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ду маротиба дастаи «Равшан»-и Кӯлобро шикаст дод.

Ҳамин тариқ, рӯзи 25 октябр дар бозии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» қувваозмоӣ мекунанд.