Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) дар вазни то 90 кило ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Комроншоҳи Устопириён дар сабқати аввал гӯштигири қазоқ Темур Болат ва дар қувваозмоиҳои минбаъда дзюдочии Лаҳистон Патрик Сечомский ва намояндаи Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраевро мағлуб сохта, дар вохӯрии финалӣ аз варзишгари Олмон Марк Одентхал шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон, ки аз 1 то 3 октябр доир гардид, 354 нафар варзишгарон ва 52 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 9 гуштигир намояндагӣ карда, ба ҷуз Устопириён, дигар ҳеҷ касе аз онҳо медал ба даст оварда натавонист.