Дар бозии охирини марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё -2016 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби футболи зери 19-солаи Тоҷикистон (U-19) бар дастаи Малдив бо ҳисоби калони 8 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварда, ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё-2016 оид ба футбол, ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат гирифт.

Рӯзи сешанбе, 6 октябр ҳамаи бозиҳои ин марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2016  оид ба футбол ба анҷом расида, 16 дастаи иштирокчии даври финалии мусобиқа муайян шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» ҳунарнамоӣ намуда, ҳамчун дастаи беҳтарини зинаи дуюмро ишғолкарда миёни гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Дастаҳои иштирокчии Чемпионати Осиё-2016 оид ба футболи синни зери 19-сола дар Баҳрайн: 1) Ӯзбекистон, 2 (Арабистони Саудӣ, 3) Аморати Муттаҳидаи Араб, 4) Қатар, 5) Эрон, 6) Ироқ, 7) Ветнам, 8) Кореяи Ҷанубӣ, 9) Чин, 10) Ҷопон, 11) Тоҷикистон, 12) Австралия, 13) Таиланд, 14) Кореяи Шимолӣ, 15) Яман ва 16) Баҳрайн ҳамчун мизбони мусобиқа.