Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи блитс оид ба шоҳмоти Мемориали Владимир Дворкович дар шаҳри Таганроги Русия пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқиа бо иштироки беш аз 50 нафар шоҳмотбозон Фаррух Амонатов аз 11 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол намуд. Сергей Волков (Русия) ва Геннадий Матюшин (Украина) нимхолӣ камтар аз ӯ касб карданд.

Ду рӯз қабл дар мусобиқаи шоҳмоти тезбозикунанда Фаррух Амонатов зинаи дуюмро ишғол кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ин мусобиқа аз нигоҳи ҳайати иштирокчиёнаш хеле пурқувват буда, шоҳмотбоз аз вилояти Красанодари Русия Борис Савченко аз 11 холи имконпазир бо касби 9 хол ғолиб омад.

Рӯзи 18 январ мусобиқа оид ба шоҳмоти классикӣ - марҳилаи ҷоми Русия миёни мардон оғоз гардид, ки дар он 58 шоҳмотбоз иштирок доранд. Даври аввали мусобиқаро Фаррух Амонатов бо пирӯзӣ анҷом пазируфт.