Ду бозигари мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) – ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев ва нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев баъди ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои озмоиш ба бошгоҳи «Белшина», ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Беларус-2015 мақоми чаҳорумро касб кардааст, даъват шуданд.
Дар ин бора рӯзи 25 январ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар додаанд. Ба иттилои ин манбаъ, Эргашев ва Ҷӯрабоев дар ҳамаи бозиҳои Ҷоми Иттиҳод бидуни таъвиз иштирок намуда, дар майдон 360 дақиқа ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол ҳарду футболбози ҷавони тоҷик дар ихтиёри бошгоҳи футболи «Белшина»-и Бобруйск мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Владимир Ежуров, шогирди футболи тоҷик, сармураббии ин дастаи Беларус таъин шудааст. Феълан “Белшина” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Пински Беларус қарор дорад.
Ёдрас мешавад, ки Ҷаҳонгир Эргашев соли гузашта дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва Амирбек Ҷӯрабоев дар дастаи «Шахтёр»-и Солигорски вилояти Мински Беларус бозӣ мекарданд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста