Дар бозии охирини гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар шаҳри Тошканд идома дорад, мунтахаби Тоҷикистон вохӯрӣ бо дастаи Тайванро мусовӣ 3 бар 3 анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври чаҳорякниҳоии ин мусобиқот Ӯзбекистон - Ироқ, Таиланд - Австралия, Эрон - Қирғизистон ва Ҷопон - Ветнам бо ҳам рақобат карда, ғолибони ин бозиҳо ба даври нимаҳоӣ ва мутсақиман ба Чемипоинати ҷаҳон оид ба футзал-2016 ба Колумбия (10 сентябр - 2 октябр) роҳхат мегиранд.

Дастаҳои шикастхӯрда дар марҳилаи чорякниҳоӣ дар вохӯриҳои интихобӣ иштирокчии панҷуми Чемпионати ҷаҳонро муайян мекунанд.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд.