Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон ду зина поин рафта, бо 193 имтиёз зинаи 150-умро ишғол мекунад.
Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад. Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин аст: Австралия - зинаи 67-ум (506 имтиёз), Урдун - 82-юм (414 имтиёз), Қирғизистон - 105-ум (324 имтиёз) ва Бангладеш - 177-ум (100 имтиёз).
Бозиҳои хотимавии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» санаи 24 март дар меҳмонӣ бо тими Австралия ва ва 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Қирғизистон баргузор мешаванд.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2003 бо касби зинаи 180-ум ба қайд гирифта шудааст.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста