Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи тими миллии Тоҷикистон сармураббии нави дастаи “Ҳосилот”-и Фархор таъин шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», сармураббии пешини “Ҳосилот” Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев баъди бохти “Ҳосилот” дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ССКА “Помир”-и Душанбе истеъфо дода буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, Ашӯрмамадови 48-сола шурӯъ аз имрӯз ба ҳайси сармураббӣ корро оғоз мекунад. Нахустин дидори “Ҳосилот” зери раҳбарии ӯ 7 май бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки Алиёр Ашӯрмамадов таҷрибаи кор дар дастаҳои ССКА “Помир”, “Энергетик”, “Парвоз” ва “Далерон-Уротеппа”-ро дорад.

Ӯ дар гузашта ба ҳайси ҳамлагар дар дастаҳои СКИФ-1 (Душанбе, 1989), “Вахш” (Қӯрғонтеппа, 1990), “Помир” (Душанбе, 1991-1992), “Локомотив” (Москва, 1993), “Авангард” (Коломна, 1994), “Анжи” (Махачқалъа, 1995-1998), “Варзоб” (Душанбе, 1999-2000), “Иртиш” (Павлодар, 2001-2002), СКА “Помир”(Душанбе, апрел-июл 2004), “Хима” (Душанбе, август 2005-2007) ба майдон баромадааст.