Бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ)  барои омодагирии 15 нафар варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио 120 ҳазор доллар маблағ ҷудо мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, аз моҳи январи соли 2019 то августи соли 2020 варзишгарони тоҷик ҳар моҳ аз Кумитаи олимпӣ маблағи муайни стипендия дарёфт мекунанд, аз ҷумла Дилшод Назаров (варзиши сабук, $950), Шаҳриёр Даминов (қайиқронӣ, $800), Комроншоҳ Устопириён (дзюдо, $700), Беҳрӯз Хоҷазода (дзюдо, $600), Темур Раҳимов (дзюдо, $500), Сомон Маҳмадбеков (дзюдо, $300), Шоҳида Қаландарова (дзюдо, $300).

Ҳамчунин варзишгарон Моҳрӯ Ҳалимова (таеквондо, $300), Шаббос Неъматуллоев (бокс, $350), Карина Климик (шиноварӣ, $200),  Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук, $200), Саидҷон Гулов (гуштии тарзи озод, $200), Манижа Мадкаримова (таеквондо, $200), Суҳроб Абдулхаев (гуштии юнонӣ-румӣ) ва Шоира Зулқайнарова (бокс, $200) низ аз стипендияҳои Кумитаи миллии олимпӣ баҳравар хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, маблағи Барномаи дастагирии молиявии варзишгарон барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 – 216 ҳазор долларо дар бар мегирад ва дар давраи аз сентябри соли 2017 то декабри 2018 барои 15 варзишгар 96 ҳазор доллар хароҷот шудааст. Маблағи давраи 2019-2020 барои 15 варзишгар 120 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.