Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 - “Grand Prix Portugal 2022” сазовори медали биринҷӣ шуд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.

Пас аз пирӯзиҳо дар қувваозмоӣ бо Достон Майлиев (Ӯзбекистон) ва Артем Бубуир (Украина) Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ сабқатро ба ҷудокори маъруфи итолиёӣ Кристиан Парлатӣ бохт.

Барои ба даст овардани биринҷӣ Комроншоҳи Устопириён Имеда Гоголадзеи гурҷистониро шикаст дод.

Зикр мегардад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 3 ҳазор евро, ҷои дуюм – 2 ҳазор евро, ду ҷои сеюм – 1 ҳазор евроӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.