Темур Раҳимов паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Antalya Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 1-3 апрел баргузор шуд, медали биринҷӣ ва мақоми сеюм ба даст овард. Шаш паҳлавони дигари тоҷик дар ин мусобиқот ноком шуданд.
Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг дар ин мусобиқот пас аз шикаст додани Грегори Приори амрикоӣ ва Магомедумар Магомедови доғистонитар, ки Аморати Муттаҳидаи Арабро намояндагӣ мекард дар даври чорякниҳоӣ аз паҳлавони маҷористонӣ Ричард Сипоч дар марҳилаи имтиёзи тиллоӣ бо гирифтани шидои сеюм шикаст хӯрд.
Дар даври шонси муҷаддад ё тасаллобахш паҳлавони тоҷик бар Ушанги Кокаурии озарӣ пирӯз шуд ва ба рақобатҳои дарёфти медали биринҷӣ роҳ пайдо кард. Дар рақобатҳои дарёфти медали биринҷӣ Темур Раҳимов Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.
Паҳлавони дигари номошнои тоҷик Комроншоҳ Устопириён пас аз шикаст додани Руфат Исмоилови озарӣ ва Дэвис Кламмерти чехӣ ба даври чорякниҳоӣ расид. Аммо дар чорякниҳоӣ аз Лука Майсурадзеи гурҷӣ шикаст хӯрд ва дар даври шонси муҷаддад ҳам Луис Крёбер Гагнон - намояндаи Канада шикаст хӯрд.
Паҳлавонони дигари тоҷик дар марҳилаҳои муқаддамотӣ ва даври дувум ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.
Ба ҷуз Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҷудокороне чун Меҳрзод Суфиев (-60кг), Абубакр Шеров ва Шаҳзод Саидабуроров (ҳарду дар вазни -66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) намояндагӣ карда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста