Варзишгари 24-солаи тоҷики муқими пойтахти Русия Ҷовидон Исмоилов дар қаҳрамонии Аврупо аз вазнабардорӣ (пауэрлифтинг, 211,5 кг) унвони қаҳрамонии Аврупоро ба даст оварду рекорди нави Аврупоро гузошт.
Ин мусобиқот рӯзи 2-юми апрели соли равон дар шаҳри Долгопруднии Русия баргузор гардид. Қаблан, Ҷовидон унвони қаҳрамони Русия, қаҳрамони ҷаҳон (дар мусобиқаи боз)-ро низ ба даст оварда буд.
Ҷовидон Исмоилов, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» қисса кард, ки аз рекорди ба дастовардааш хеле хушнуд буда, ин барояш хотирмонтарин ва муҳимтарин дастоварди варзишӣ мебошад ва ба ӯ муяссар шуд, ки натиҷаро аз нақша зиёд ба даст биорад.
Ин ҷавон мегӯяд, пеш аз ӯ, ин рекордро як варзишгари рус соли 2019 гузошта буд.
Дар ҳамин ҳол Ҷовидон мегӯяд, ки барои ин дастовард ба ӯ ҳеч ҷоиза ва ё мукофоте дода нашудааст, чун ин намуди варзиш навъи олимпӣ нест. Аммо ғизоҳои варзишӣ барои ӯ ройгон дода шудаанд.
Ҷовидон мегӯяд, ки хеле хуб дарк мекунад, намуди варзише, ки ӯ машғул аст, хеле хатарноку сахту сангин аст, борҳо низ ҷароҳат бардоштааст. Чанд бор кашиши мушакҳои сина ва чандин маротиба пайвандҳои китфаш осеб дидааст, вале барои ӯ ин осебҳо ҳеҷ мушкиле пеш намеоварданд ва баъди сиҳат шудан боз рӯ ба тамрин меоварду меорад.
Ӯ соли 2016 баъди хатми мактаби миёна, ба риштаи менеҷменти Донишгоҳи политехникии Маскавдохил ва соли 2020 ин риштаро хатм кард. Вале чун Ҷовидони аз хурдсолӣ ба варзиш майл дошт, бо хости падар аз 10 то 16-солагӣ дар риштаи ҷудо тамрин мекард. Чун падари Ҷовидон Зоид Маҳрамов низ паҳлавони маъруфи риштаи кушти (гӯштин)-и миллӣ ва ҷудо аст.
«Падарам ҷудокор буд ва тасмим гирифт, ки маро ба ҷудо фиристад. Аз 10 то 16-солагӣ машқ мекардам, вале баъдан тасмим гирифтам, ки ин варзишро тарк кунам, зеро фаҳмидам, ки ин барои ман нест. Дар 17-солагӣ ба толори варзишӣ рафтам. Лоғар будам ва бисёр мехостам ин камбудро дар худ ислоҳ кунам. Танҳо дар синни 20-солагӣ ман қарор додам, ки ба пауэрлифтинги ҷиддӣ шурӯъ кунам».
Ин тоҷикписар дар фитнес-клуби X-Line Fitness дар Маскав бидуни муррабӣ машқу тамрин мекунад ва ҳеҷ гоҳ муррабӣ низ надошта, ҳамаи дастовардҳояш заҳматхои инфиродии худи ӯст.
Ҷовидон Исмоилов дар риштаи вазнабардоӣ аввалин маротиба соли 2019 дар мусобиқаи хурди ҳаваскорон дар яке аз толорҳои варзишӣ дар шаҳри Маскав ширкат кард, ки 170 кг-ро бардошта, ва меъёри устоди варзишро иҷро кард. Моҳи декабри худи ҳамон сол ӯ бори аввал дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи WRPF ҳунарнамоӣ кард, ки дар он ҷо тавонист 197,5 кг вазнро бардорад ва унвони чемпиони ҷаҳонии WRPF 2019-ро ба даст биоварад.
Дастовардҳои дигари Ҷовидон:
Чемпионати ҷаҳонии WRPF 2019
Ҷой 1 миёни наврасон, 100 кг
Ҷойи 2 дар вазни мутлақ миёни наврасон
Чемпионати ҷаҳонии WRPF 2020
Ҷой 1 миёни наврасон, 100 кг
Ҷои 1 дар вазни мутлақ
Ҷойи 2 миёни мардон, 100 кг
🏆 Рекорди ҷаҳонӣ дар миёни наврасонро гузошт (205 кг)
Чемпионати Аврупо WRPF 2021
Ҷойи 1 миёни мардон, 100 кг
Ҷои 3 дар вазни мутлақ миёни мардон
Чемпионати Аврупо WRPF 2022
Ҷойи 1 миёни мардон, 100 кг
Ҷои 1 вазни мутлақи миёни мардон
🏆 Рекорди Аврупоро миёни мардон гузошт (211,5 кг)
Тавре худи Ҷовидон иброз медорад, ӯ ният дорад соли равон дар чемпионати ҷаҳонии WRPF ғолиб шавад ва рекорди ҷаҳониро дар миёни мардон (24-39-сола) ба даст биорад.
Ҷовидон, орзу дорад дар оянда муррабӣ шавад ва дастовардҳои худро ба дигар ҷавонон биомӯзад то дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби дастовардҳо шаванд.
«Ман корамро дӯст медорам ва мехоҳам мураббии онҳое бошам, ки мехоҳанд дар ин варзиш нишондодҳои худро беҳтар кунанд. Ин варзиш барои ҳама нест, хатарнок аст. Ҳарчанд ҳоло оиладор нестам, дар оянда ҳамчун варзишгари вазнабардор ба фарзандонам низ иҷозат намедиҳам, ки ин риштаи варзишро интихоб кунанд. Фарзандонамро ба варзишҳои размӣ мебарам.
Ин варзишгар ҳамагӣ ду сол доштааст, ки волидонаш дар соли 2000 аз Тоҷикистон ба Русия мераванд ва дар ин ҷо мақоми шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд. Аммо аз зодгоҳи худ ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ифтихор ёдовар мешавад ва мегӯяд боиси шараф ва ифтихораш ҳаст, ки аз Тоҷикистон аст ва аз миллати бузурги тоҷик намояндагӣ мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста